Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ноҳия дар қатори пешсафон

       Пахтакорони ҳимматбаланди ноҳия  ҷамъоварии  пахтаро бо маром идома дода,  ба иҷрои Дурнамои истеҳсоли пахта торафт  наздик  мешаванд.  Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъбасти даҳрӯзаи пахтасупорӣ дар вилоят  ноҳия ҷойи  ифтихории дуюмро  касб намуданд ва ба раиси ноҳия   муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода   туҳфаи таъсисдодаи раиси вилояти  Хатлон дар вазъияти  тантанавӣ супорида шуд .

        Дина заркорони шарафманди  ноҳия 230 тонна пахта  ҷамъоварӣ  намуданд, ки ин баробари  1,7 фоизи Дурнамо мебошад. Пахтаи ҷамъовардаи  кишоварзони ноҳия  аз аввали мавсим  ба 11170,01 тонна расид, ки ба  81,3 фоизи нақша  баробар аст.

        Деҳқонони асили  ҷамоати деҳоти Панҷоб дар ноҳия  нахустин шуда, Дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро карданд.

    Рӯзи гузашта   кишоварзони ҷамоатҳои Панҷруд, Меҳнатобод ва Чубек хубтар меҳнат карда , ба қадри 1,9-2,1 фоизӣ  пахта  ҷамъоварӣ  намуданд. Ноҳия ба иҷрои  Дурнамои  истеҳсоли  пахта хеле наздик шудааст, барои ин ба деҳқонони асили ноҳия  зарур аст, ки суръати пахтачиниро  суст накарда, боз як ғайрати тоза намоянд, то ки ноҳия  ҳамин моҳ  Дурнамои  истеҳсоли пахтаро иҷро намояд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай