Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раис

         Дар толори Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия   ҷамъомади  навбатии назоратии назди раиси ноҳия  баргузор гардид ки он таҳти  раёсати  раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода   гузашт, ва як қатор масъалаҳои   ҳалталаби рӯз  мавриди баррасӣ  қарор гирифтанд.

Нахуст, масъалаи  ҷамъоварии маблағҳои  андоз  барои  моҳи  октябр   ва раиси ноҳия  ба масъулин  барои иҷроиши  нақшаи ҷамъоварии   маблағҳои  андоз дастуру  тавсияҳои судманд доданд.

 Масъалаҳои    дигари ҷаласа- дидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати вусъат додани кори ҷамъоварии  ҳосили  пахта  ва супоридани ҳосил ба коргоҳу корхонаҳои  пахтақабулкунӣ; таҳия ва тақсим намудани  тартиби кишти  тирамоҳӣ ва баҳори  вобаста ба  ҳар як ҷамоат  ва хоҷагиҳои  дкҳқонӣ омода  намудани мошинолатҳои  мавҷуда барои кишти  тирамоҳии зироатҳо;   муайян  намудани  миқдору  ҳаҷми  сардхонаҳо,  анборҳо,  таҳхонаҳо ва миқдори  захираи   маводи хӯрокворӣ дар  ҳудуди  ҳамаи   маҳаллаву  деҳаҳои  Ҷамоатҳо  кишти зироатҳо дар гармхонаҳои   доимӣ  ва мавсимӣ  низ мавриди  баррасии ҷиддӣ қарор гирифта,  раиси ноҳия бо муовини аввали раиси ноҳия, роҳбарони гуруҳҳои корӣ,  муовини соҳавӣ Бодомзода С,  Раёсати  кишоварзӣ,  раисони Ҷамоатҳо ҷиҳати иҷроиши   корҳо маслиҳатҳои   пурқимат  доданд.

 Доири масъалаҳои  дигари ҷаласа,  аз қабили- корбарӣ бо коргоҳу  корхонаҳои  ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатиро  камкарда;  омода намудани  иншоотҳои   ҷашни дар моҳи  равон ба истиқболи Рӯзи Конститутсия  ҶТ  супоридашаванда ; муайян намудани муроҷиати мутахассисони  ҷавони соҳаи маориф барои гирифтани имтиёзҳои  муқарраргардида;  чораҷӯи нисбати ду бунгоҳи  тиббии  дар хонаҳо ҷойгирбуда, дар деҳаҳои   Маслуқ ва Чордараи ҷ/д  Чубек;  иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ;  беҳтар намудани корҳо  дар самти иҷрои нақшаи  обуна -2023  ба рӯзномаю маҷаллаҳо  раиси ноҳия   ҳамаи масъулинро  вазифадор намуданд, ки   баҳри иҷроиши  корҳо  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай