Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Вохӯрӣ бо вакил

                                        

 

      Имрӯз дар толори мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии “Ҳамадонӣ -35” Ҳаёт Одинаев бо аҳли   ҷамоатчигии ноҳия доир гардид. Дар вохӯрӣ вакил Одинаев Ҳаёт дар мавзӯи  “ Роҳбари давлат таъин  шудани Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Иҷлосияи XVI  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад кард.

       Дар  баромад қайд гардид, ки 30 сол муқаддам, 16 ноябри соли 1992, дар Қасри  Арбоби хоҷагии ба номи Саидхуҷа  Ӯрунхоҷаеви  шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд  Иҷлосияи  XVI  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти  мураккаби сиёсии кишвар баргузор  гардид. Маҳз дар ин Иҷлосияи тақдирсоз  фарзонафарзандони миллат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат омад ва аз ҷониби  вакилони халқ якдилона Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Дар рафти суханрони вакили Одинаев Ҳаёт дар бораи таъин шудани Ҷаноби  Олӣ ба ҳайси  Роҳбари давлат ва нақши ӯ дар  пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвар пурра истода гузашт.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай