Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баргузории Аксияи “Албом- Эстафета” дар ноҳия ба ифтихори Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

           

          Бахшида ба  30- солагии Иҷлосияи  XVI- уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябр то 1 ноябри соли  2022 дар шаҳру  ноҳияҳои  вилояти  Хатлон Аксияи  “ Албом – Эстафета”,  таҳти унвони  “30- соли созандагӣ  бо Пешвои муаззами  миллат”  роҳандозӣ гардида   истодааст. Ин маъракаи  муҳимми   фарҳангӣ бо ташаббуси КИ  ҲХДТ дар сатҳи  ҷумҳуриявӣ  барпо гардида , имрӯз- 20 октябр ба ноҳияи   овозадори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ   расид.

         Ноҳияи мо  зери роҳбарии  марди донишманду  маърифатпарвар  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода   ба ин чорабинии фарҳангии   сатҳи ҷумҳуриявӣ бо омодагии  хуб  меҳмонон, иштирокчиёни  Аксияи  мазкурро  дар даромадгоҳи ноҳия  дар назди муҷассамаи  М.С.А. Ҳамадонӣ бо дили пурмеҳр  истиқбол гирифтанд.

      Дар даромадгоҳи  ноҳия  50 нафар  хонандагони  фаъоли МТМУ №8  бо парчамҳои давлатию  ҳизбӣ ҳайати   иштирокчиёнро   хуб пазироӣ намуданд.

     Сараввал, иштирокчиёни   Аксияи  “Албом - Эстафета” аз корхонаи   истеҳсоли  халтаҳои  полипропиленӣ воқеъ  дар   деҳаи Пушкини  деҳоти Қаҳрамон  дидан намуда , бо ҷараёни кори  коргоҳи мазкур аз наздик ошно  гардида, ба кори  аъзоёни корхона  баҳои баланд доданд.

     Баъдан  соати  14 :35-14: 45 дақиқа   роҳпаймоӣ бо шиору овезаҳо, парчамҳои  ҳизбӣ  ва давлатӣ  аз назди   шуъбаи   маорифи  ноҳия   то Филармонияи  мардумии ба номи  Устод Одина Ҳошим   бо иштироки  350 нафар аз ҳисоби  ТҶҶ “ Созандагони Ватан”, волонтиёрон,  кормандони  ТИ маориф, тандурустӣ   ва ташкилотҳои   ибтидоии ҳизбӣ доир гардид .

Меҳмонону   иштирокчиёни   чорабинӣ  дар саҳни   Филармонияи   мардумӣ   аз намоиши   ҳунарҳои   мардумӣ,  дастовардҳои  ноҳия дидан намуда, дар ҳамоиши   варзишгарони мактаби  варзишӣ , туҳфасупории  ғолибон,  иҷроиши  хор  аз ҷониби  хонандагони  мактаби   мусиқии ноҳия , намоиши либосҳои  миллӣ  дидан  карда , аз Осорхонаи   Устод  Одина Ҳошимов боздид ба амал оварданд.

       Меҳмонону иштирокчиёни  Албом-Эстафета соати  15:15 то 16:15 дар ҳамоиши ҳизбӣ  бахшида  ба 30- солагии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Филармонияи  мардумии ба номи  Одина  Ҳошимов  иштирок  намуданд, ки дар он раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  бо маърузаи  пурмуҳтаво баромад намуда , меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.

      Сипас, соати  17:00-17:25  меҳмонону  иштирокчиёни  чорабинии фарҳангӣ аз Боғи  фарҳангиву  фароғатии ноҳия, ки хеле зебову дилписанд аст, дидан намуданд ва тамошои  боғ бо фаввораҳои  рангорангаш ба ҳамагон писанд омад.

Аксияи Албом – Эсатафета  дар ноҳия басо  шавқовару  диданӣ   ва хотирнишин  гузашт, ҳамчунин ба ҳамаи  иштирокчиёни  чорабинӣ  таассуроти нек боқӣ  гузошт.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай