Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро шуд

              Кишоварзони ҳимматбаланди Ҷамоати деҳоти Чубек соли равон  дар майдони  547 гектар пахта корида, дар натиҷаи  меҳнати софдилона ва андешидани  тадбирҳои  агротехникӣ  ҳосили дилхоҳ  парвариш карда расониданд. Тавре дар суҳбати раиси Ҷамоати мазкур Хисрав Абдулхайров иброз дошт, аҳли заҳмати ҷамоати мо  ғуничини пахтаро дуруст ташкил карда , имрӯз нақшаи  истеҳсоли  “тиллои сафед”-ро  барзиёд иҷро карда, ният доранд, ҳосили дар саҳро бударо то пағаи охирин ҷамъ оварда , илова ба  нақша боз даҳҳо тонна пахтаи дигар  ҷамъоварӣ  менамоянд  пахтаи супоридаи  аҳли заҳмати  ҷамоат ба 1247 тонна расид.

 

        Дар иҷрои Дурнамои   истеҳсоли  пахта   саҳми аъзоёни  хоҷагиҳои  деҳқонии “Хоксор” ( роҳбараш И. Хоксоров, “Беҳрӯз” (роҳбараш З. Қиматов), “Ҳалимбой” ( роҳбараш Саъди Ҳалимов), “Фотима ва Зуҳро” (роҳбараш Темурова Малика)  хеле  арзанда буда , онҳо нақшаи   истеҳсоли пахтаро  барзиёд иҷро карданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай