Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Қабули шаҳрвандон

                  

        Имрӯз 22 октябр  дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия  қабули шаҳрвандон аз  тарафи  раиси  ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода баргузор  гардид. Бояд қайд  намуд, ки   давоми  ҳафта   рўзҳои чоршанбе  ва  шанбе мунтазам қабули шаҳрвандон  баргузор  гардида, роҳбарияти  ноҳия  аз  мушкилоту  камбудиҳои эшон огаҳӣ пайдо  мекунанд. Имрӯз беш аз 20  нафар шаҳрвандони  ҳудуди ноҳия қабул  ва арзи  онҳо шунида  шуд. Шаҳрвандон  оид  ба  масъалаҳои ҷудо намудани  замини  наздиҳавлигӣ,  ташкили хоҷагии деҳқонӣ, сохтмони  мактаб, мағоза, рушди соҳибкорӣ ва кумакҳои моддию молиявӣ муроҷиат  намуданд.  Раиси ноҳия  барои  расидагӣ  намудан ба мушкилоти онҳо ба  шахсони   масъул, роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо  ва раисони Ҷамоатҳо  дастуру  супоришҳои мушаххас  доданд. 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай