Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА

       Имрӯз  дар  толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия  бо иштироки  муовини аввали  раиси  ноҳия  муҳтарам Маҳдӣ Орифзода вохӯрии  навбатии кормандони Прокуратура ёрадамчиёни Прокурори ноҳия Одиназода Умед ва Мунаварзода Сураҷ   бо роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо, кормандони  бахши   меъморӣ, мутахассисони Кумитаи  идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайри  манқул” ва  Сармутахассис-заминсозони  Ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳоти  ноҳия  доир  шуд. Мақсад аз вохӯрии мазкур шарҳи  тағийру иловаҳо  ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ”  ва  пешгирии ҳолатҳои содир  намудани  қонунвайронкуниҳо  оид ба замин  маҳсуб ёфта, нисбат ин  масъалаҳо ёрдамчии Прокурори  ноҳия Мунаварзода Сураҷ  баромад  намуд.

         Мавсуф дар  баромади  хеш зикр  намуд, ки   баъди ворид намудани  тағийру  иловаҳо ба  сархати 7-и моддаи 22-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ”  шахсони мансабдор дар ҳолати   дидаю  дониста  қабул намудани  қарорҳои ғайриқонунӣ  аз  мансаб озод  карда  мешаванд.  Бинобар  ин  ташкилоту  муассисаҳоеро, ки ваколати тақсим ва ҳуҷҷатгузории замин  ба  уҳдаи онҳост бояд тибқи  табалотҳои муқарарнамудаи  қонунгузорӣ фаъолият намуда, ба  қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.

        Дар интиҳо аз ҷониби иштирокчиён суолҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай