Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Семинар бо иштироки кормандони шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзи молияв

          Имрӯз дар толори маҷлиси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки кормандони шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзи молиявӣ дар шаҳри Кӯлоб   М. Муродов, И.Файзов, З.Гадоев, А.Холов, А.Ёқубов, Д.Наврӯзов,ва А.Саидов ҷаласа гузаронида шуд. Дар ҷаласа  муовини аввали раиси ноҳия Орифзода М., муовинони раиси ноҳия, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолони ноҳия даъват шуда, иштирок карданд.

       Муҳтавои баромадҳои иштироккунандагон бо фаъолони ноҳияро  расонидани мазмун ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №815 “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ” ташкил дод. Баромадкунандагон дар бораи зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки  миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, хусусан барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳод намудани маҳсулоти қарзӣ ва ҷалби амонатҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ  дар ҳамбастӣ бо бахши иқтисод ва дигар ниҳодҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ба ин васила ба анҷом расонидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби соҳибкорон, кормандони соҳаи буҷет, нафақахурон ва дигар фаъолон  ҳарф заданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай