Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Хушхабар аз ҷамоати деҳоти Панҷруд

          Деҳқонони асили  хоҷагиҳои   деҳқонии Ҷамоати деҳоти  Панҷруд (раисаш Файзимад Раҷабов) имсол дар майдони 791 га кишти пахта  гузаронида, ҳосили фаровони пахта  парвариш карда  расониданд. Онҳо  ҷамъоварии пахтаро аз оғози  пахтачинӣ  дуруст  ташкил карда, дина аз иҷрои  Дурнамои истеҳсоли  пахта мужда  расониданд.

Заркорони қавииродаи  ҷамоат ба хирмани  13740 тоннагии ноҳия  1842 тонна пахтаи хушсифат рехта, нақшаи истеҳсоли  пахтаро сад дарсад  таъмин намуданд.Дар иҷрои нақшаи пахтасупории ҷамоат саҳми хоҷагиҳои деҳқонии “Шуҳрат” (роҳбараш Аюб Беков), “Мирзонабӣ” (роҳбараш Мирзонабӣ Мирзосафаров), “Таманнои Ѓайрат” (роҳбараш Аҳмад Назаров) ва дигар хоҷагиҳо хеле калон аст. Ин хоҷагиҳо  иҷрои нақшаи  истеҳсоли пахтаро  аз 104 то 110 фоизӣ иҷро  намуданд.

Аҳли заҳмати ҷамоат ният доранд,ки   пахтаи дар саҳро бударо беталаф ғундошта , боз даҳҳо тоннаи  дигар ба  хирмани  бобаракати  ноҳия  хоҳанд рехт.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай