Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади назоратии назди раис

             Имрӯз  дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти   давлатии ноҳия  ҷаласаи назоратии назди  раиси  ноҳия доир гардид.

   Ҷамъомад таҳти  раёсати  раиси  ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ҷараён гирифт. Нахуст, масъалаи ҷамъоварии андоз барои моҳи  октябр ва пешниҳоди  нақшаи  ҷамъоварии андоз барои  моҳи ноябр   мавриди баррасӣ  қарор гирифт.

  Раиси ноҳия   ба масъулони бахши   андоз сахт таъкид карданд, ки   баҳри иҷроиши  нақшаи  ҷамъоварии  маблағҳои   андоз  тамоми чораҳои даркориро  андешанд.

  Доири  масъалаҳои  ҷамъоварии  ҳосили   пахтаи боқимонда  ва  ба коргоҳу корхонаҳо   супоридани пахтаи   дар хонаҳо буда; вусъат додани  кишти тирамоҳӣ  дар  хоҷагиҳои деҳқонӣ аз рӯйи  нақша;  омода намудани   заминҳо барои   бунёду  барқарорсозии боғҳо, бахусус, дарахтони мевадиҳандаи анор; пешниҳоди  маълумот оид ба захира намудани  маводҳои ғизоӣ  барои ду  сол раиси ноҳия аз шахсони масъул Орифзода М., Рафиев Т.,  раисони ҷамоатҳо пурсиши ҷиддӣ ба амал оварда, таъкид карданд, ки  ҷиҳати амалишавии  кору масъалаҳо чораҳои  зарӯрї андешанд.

  Масъалаҳои дигари  ҷаласа- ташкил намудани  аксияи тозагии  роҳу маҳаллаҳо, тозаю озода намудани саҳни биноҳо, ҳавлию кӯчаҳо;  овехтани парчаму навиштаҷотҳо ба истиқболи Рӯзи  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон;  баргузории чорабиниҳои  тантанавию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи  Ҷ.Т,  ба истифода додани иншоотҳои  ҷашнӣ  ва ба  тасвиб расонидани  санадҳои  қабули  иншоотҳои  супоридашуда;  назорати доимӣ  ба  фаъолияти  комиссияҳои  доимоамалкунанда  оид ба танзим  дар ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо  низ ҳаматарафа баррасӣ шуда,  раиси ноҳия ҳамаи  нафарони масъул, роҳбарон ва раисони  ҷамоатҳоро  вазифадор сохтанд, ки ҷиҳати  иҷроиши корҳо чораандешӣ намоянд.

  Доири масъалаҳои  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати  ҳарбӣ  ва нақшаи  обунашавӣ ба  рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ раиси ноҳия   ба муовинони  соҳавӣ, роҳбари дастгоҳ, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявӣ, почтаи ноҳия, роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо супоришҳои  қатъӣ  доданд, ки баҳри иҷроиши  корҳо  чораҳои қатъӣ андешанд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай