Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Муждаи пирӯзӣ

         Кишоварзони  сарбаланди  ноҳия   соли 2022 дар майдони  5900 гектар кишти  пунбадона   гузаронида,  сабзиши пурраи чигитро  дар ҳамаи  заминҳои   хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳот таъмин намуда, парвариши онро  тибқи қоидаҳои  агротехникӣ ба роҳ монда, ба он муваффақ гардиданд, ки дар аксар қитъаҳои пахтазор  ҳосили фаровони пахта пухта  расониданд.  Зафармандони қавипешаи  ҳамаи х/д Ҷамоатҳои  деҳоти ноҳия аз  охири моҳи  август ба чиниши  ҳосили пахта бо тайёрии пухта камар баста, рӯз ба рӯз ҷамъоварии “ тиллои  сафед”-и  бо арақи  ҷабин парваришнамудаашонро вусъати тоза бахшида, ҷамоатҳои  деҳот яке аз  пайи дигар аз  иҷрои Дурнамои истеҳсоли  пахта  мужда мерасониданд.

Рӯзи гузашта  зарофарони  қавииродаи  ноҳия  аз иҷрои  Дурнамои  истеҳсоли  пахта бо сарбаландӣ мужда расониданд.

Дар ин комёбӣ дастгириҳои  ҳамарӯзаи раиси  ноҳия муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода , ки пешқадамони  саҳроро   ҳамеша дастгирӣ мекард, хеле арзанда аст.

Хирмани оростаи деҳқонони асили ноҳия  аз 13747 тонна гузашт, ки он аз нақша зиёд аст. Дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта  саҳми ҳамаи  ҷамоатҳои ноҳия – Панҷоб, Панҷруд,  Чубек, ба номи Турдиев, Қаҳрамон, Меҳнатобод, Даштигуло хеле калон аст.

Кишоварзони ноҳия  мақсад доранд, ки пахтаи  дар саҳро мондаро то пағаи охир ғундошта, ба  хирмани бобаракати ноҳия  боз даҳҳо тоннаи  дигар пахта  мерезанд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай