Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ба истиқбооли Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ва зарурати қабули он

                                                      

    Имсол аз ќабули ҳуҷҷати муҳиму  сарнавиштсози мо Конститутсия 28 сол  сипарӣ  мешавад. Воқеан ҳам, баъди эълони истиқрори сулҳ  барои  давлати навбунёд зарурати қабули Конститутсия  ба  миён  омад.  Дар қатори дигар давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ин ҳуҷҷати сиёсиро қабул ва тартиб дод. Калимаи «конститутсия» аз калимаи лотинии «constitution» — барпо намудан, бунёд гузоштан, таъсис додан гирифта шудааст.

    Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва муҳимтарин санади ҳуқуқии давлат мебошад, ки мувофиқи хусусияти олии сиёсии худ рукни муттаҳидкунанда ва сафарбаркунандаи халқ ва роҳнамои фаолияти давлат дар ҳифзи манфиатҳои миллии он мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6-уми ноябри соли 1994  аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида,  он дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд  нақши бориз дорад.

    Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик  асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид.

   Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд.Риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999,  22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо инобати манфиати онҳо такмил дода шудаанд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5).

  Воқеан ҳам, Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.

  Биёед ба гузашта назар кунем ва бубинем, ки ин Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чӣ гуна шароит таҳия ва қабул шуд ва чаро мо онро ҳуҷҷати тақдирсози миллат меномем.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар он интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеа асос гузошт.
Баъди барҳам хӯрдани сохти давлатдории шӯравӣ зарурати таҳияи қонунҳои нав, пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи нав ба миён омад. Зеро дар он замон маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Бинобар ин, бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, он лоиҳаи Конститутсияи навро таҳия намуд ва 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
        Вобаста ба аҳамияти Конститутсия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи шаҳрвандони тамоми ҷумҳурӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад».
          Ҳамин тариқ, метавон  гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши устувор дорад.

                                                                                     Эмомалӣ Азимов  раиси Ҷамоати “Меҳнатобод”

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай