Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия

         Имрӯз дар толори  Филармонияи  мардумии  ба номи  Одина Ҳошимов  ба ифтихори  Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинии   идона  Раиси ноҳия  муҳтарам  Бозоралӣ Одиназода, муовинони соҳавӣ,  роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  мудирони шуъбаҳои  МИҲД-и  ноҳия, роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо  ва фаъолони ноҳия   иштирок намуданд.

  Сараввал, дар саҳни Филармонияи  мардумӣ аз тарафи   раиси  ноҳия  ба волидайни    шунавандагоне,  ки   курси омӯзишии  КИ  ТҶММ-и  ноҳияро  тамом  карда  буданд,  шаҳодатномаи  ронандагӣ супорида шуд.  Ҳамчунин, ба 120 нафар маъюбон  туҳфаҳои   моддию  кўмакпули   тақдим гардид.

  Сипас, дар толори Филармонияи   мардумӣ   ҷамъомади тантанавӣ  доир гардид. Раиси ноҳия   муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  баромад карда, қайд  намуданд, ки Конститутсияи  кишвари мо дар  ҷаҳон яке аз  беҳтарин Конститутсияҳо   ба ҳисоб  меравад.

   Прокурори ноҳия  Файзуллоева  Р. суханронӣ  намуда,  зикр карданд,  ки  воқеан ҳам, Конститутсияи  кишвар  “ Шаҳодатномаи  миллат”  ба ҳисоб рафта, зарур аст, ки ҳар як фард бояд ҳар як моддаи ин ҳуҷҷати  сарнавиштсозро  бидонад.

   Дар   охири  чорабинӣ ба як зумра роҳбарону  фаъолон  ва пешқадамони  истеҳсолот “Сипоснома”-хо  супорида шуд.

    Дастаи  ҳунармандони  Филармонияи  мардумии  ноҳия   бо суруду  таронаҳои  дилошуби  худ хотири иштирокчиёни  чорабиниро  шод гардониданд. 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай