Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ МУҲТАРАМ ОДИНАЗОДА БОЗОРАЛӢ НЕЪМАТ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

 КОНСТИТУСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

       Ҳамдиёрони азиз!

              

    Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рўйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо шукуҳу шаҳомати хосса таљлил мегардад.

    Солҳои амали Конститутсия собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде ќабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд.

   Бо истифода аз фурсати муносиб ҷашни 28-умин  солгарди ин санади воқеан ҳам тақдирсоз ва муайянкунандаи ояндаи дурахшони ҷомеаву барои тамоми тоҷикону тоҷикистониён муқаддас, ҳамаи Шуморо самимона табрику муборакбод  мегўям.  

        Ҳамдиёрони азиз!

         Конститутсия - Қонуни асосии давлати соҳибистиқлоламон буда, кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ қавитару мустаҳкамтар гардонида, моро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати  мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ  намуд, ки дар он инсон  ва ҳуќуќу  озодиҳои ў  арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии  арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шуданд.  

        Таҳия ва ќабули Конститутсияе, ки воќеан ҳам, ба таври куллӣ ифодакунанда ва ҳимоятсози манфиатҳои шаҳрвандон ва тамоми аҳли ҷомеа бошад, барои мардуми тоҷик пас аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, ки он ба бунёди давлати  навини  тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошта, ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуќуќии  мамлакат эътироф гардид.

Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои эътирофшудаи ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик ва тоҷикистониён асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз  намудаанд: “Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халќи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳуввияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ќабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд”.

         28 сол муқаддам, яъне 6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсия дар таърихи навини давлатдориамон саҳифаи наве боз шуд, ки дар таҳкими қонунгузорӣ дар мамлакат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон заминаи  мустаҳкам фароҳам овард.

       Маҳз бо шарофати Конститутсияи кишварамон дар ноҳия садҳо иншооти  гуногун ва корхонаҳои хурду миёна ва бузург имконияти ҳуқуқӣ пайдо  намуданд,  ки шакли моликияти худро дигар карда, имрўз ба  манфиати  мардуми ноҳия  ва ҷомеа хизмат менамоянд.  Маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки дар соҳаҳои саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, нақлиёту алоқа, кишоварзӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ ба комёбиву  муваффаќиятҳои назаррас ноил шавем.

Имрўз баъди сипарӣ гардидани 28 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби ќуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносиву ҳуввияти миллӣ мебошад.

Ҷашни Конститутсия барои мардуми  тоҷик санади таќдирсоз аст. Мо тоҷикону тоҷикистониён онро муқаддас меҳисобем ва умед аст, ки бардавому поянда барои мардуми тоҷик ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз хидмат  мекунад.

  Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба ин санаи таърихӣ табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо хушбахтиву осоиш, саодатмандӣ ва ба Тоҷикистони азизамон суботу пешравии ҳамешагиро орзу  менамоям.   

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай