Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия)

 

Дар ҷаласаи навбатии назоратии назди раиси ноҳия , ки рӯзи 8 ноябр баргузор шуд, 13 масъалаи ҳалталаби рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласа таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода гузашт.

  Дар аввал, масъалаи иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия иҷро нагардида, ташвишовар  мекбошад.  Раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ба  ҳамаи нафарони масъул Бодомзода С.,  Комиссариати  Ҳарбӣ,  Раисони Ҷамоатҳо дастуру супоришҳо доданд, ки баҳри иҷроиши нақшаи  даъвати тирамоҳӣ  чораҳои қатъї андешанд.

Ҷамъоварии маблағҳои  андоз барои моҳи  ноябр низ аз масъалаҳои  умдаи рӯз  ба шумор меравад, ин масъала ҳам ҷиддӣ баррасӣ шуда, масъулони  соҳа  аз  ҷониби  раиси ноҳия   вазифадор  карда  шуданд,  ки нақшаи   ҷамъоварии  маблағҳои андоз  сари вақт ба ҷо оварда шавад.

   Масъалаҳои дигари рӯзнома- ҷамъоварии пахта то курраки  охирин ва ба  коргоҳҳои  пахтатозакунӣ  супоридани он, кишти  тирамоҳии  зироатҳо тибқи нақша  ва пешниҳоди маълумоти ҳаррӯза, фаъолияти хоҷагиҳои  моҳипарварӣ, пешниҳоди  маълумотҳои  аниқ доир ба  бунёди гармхонаҳои  мавсимӣ  ва кишти зироат дар онҳо, пешниҳоди маълумот дар бораи тозакунии  заҳбуру  заҳкашҳои байнихоҷагию  дохилихоҷагӣ  ва тозакунии каналҳои обгирӣ низ ҳаматарафа муҳокима  гардида, раиси ноҳия ба шахсони мутасаддї ҷиҳати  иҷроиши  масъалаҳои  муҳокимагардида  супоришҳои мушаххас доданд.

 Дигар масъалаҳои рӯзнома, аз қабили пешниҳоди рӯйхати иншоотҳои ҷашнии дар моҳи ноябр истифодашаванда, пурра омода намудани бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва “КДФ  Бақайдгирии  молу  мулки  ғайриманқул”  то таљлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16- уми  Шўрои Олии Ҷумњурии Тољикистон,  баргузории чорабиниҳои идонаи ноҳиявӣ бахшида ба таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумњурии Тољикистон,  тозаю озода намудан ва шинондани  гулу сабзаҳо дар даромадгоҳи ноҳия, пешниҳоди маълумот оид ба баргузории чорабиниҳо дар байни хонандагон дар давраи таътили тирамоҳӣ дар МТМУ, иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо аз рӯйи дастуру супоришҳои додашуда ҳам мавриди баррасии  ҷиддӣ қарор гирифта, раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони масъул баҳри амалишавии масъалаҳо дастуру супоришҳои  мушаххас  доданд.

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай