Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

         Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки  раиси ноҳия, бахшу шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии  деҳот  оид ба масъалаҳои самти кишти тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия семинари омӯзишӣ-амалӣ гузаронида шуд.

 Дар семинар намунаи тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ, витаминҳо ва гирбисидҳо, инчунин заҳрхимикатҳо ба намоиш гузошта  шуда,   баромади сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Рафиев Т.Ҳ.  дар бораи гузаронидани кишти тирамоҳӣ шунида шуд. 

Сипас, агрономи собиқадори ноҳия Раҳмуллоев З. доир ба масъалаи интихоби тухмиҳо барои кишт сухан гуфта, ба иштироккунандагон дар бораи интихоби тухмиҳои заҳролудкарда, омода намудани заминҳои хоҷагиҳо барои кишт, риояи қоидаҳои агротехникӣ дар давраи нашъунамои баҳорӣ  ва мувофиқ ба меъёр  пошидани тухмӣ ва доруҳои минералӣ тавсияҳо дод. Инчунин, мутахассис дар рафти суханрониаш оид ба фоиданокии озуқадиҳии якум бо нурии минералии карбамид , озуқадиҳии дуюм дар охирҳои моҳи феврал ва аввали моҳи март бо истифода аз  нурии минералии селитра, обёрии якум дар охири моҳи март ва роҳҳои мубориза  бар зидди алафҳои бегона, муборизаи интегратсионӣ бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон  истода гузашт.

Дар рафти чорабинӣ хоҷагидорон ба мутахассис ҷиҳати интихоби тухмӣ дар заминҳои таркиби хокашон гуногун  ва истифодаи нуриҳои минералӣ саволҳо дода, ба саволњои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 Семинарро раиси ноҳия муҳтарам Одиназода Б.Н. ҷамъбаст намуда, ба иштироккунандагони он маслиҳатҳои муфид дод.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай