Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИҶЛОСИЯИ XVI ШЎРОИ ОЛӢ-РОҲ БА СЎИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

         Иҷлосияи таърихии 16-ум ба фарзанди баруманди халқи тоҷик, шахсияти беназир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистони маҳбубро дод, ҳамзамон ба души ин шахсияти  беҳамто вазифаи мураккаб, вале муқаддаси бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро вогузошт. Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон вақт таъкид намуд, ки: «Азму иродаи мо дар роҳи барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона қатъист. Ҳарчанд, ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил, балки бо гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин, сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш ҳисоб меёбад».         

Бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олӣ «Муроҷиатнома ба ҳамаи аҳзоби сиёсӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва меҳнаткашони ҷумҳурӣ» ва Изҳороти Шӯрои Олӣ қабул карда шуд. Муроҷиатнома ҳизбу созмонҳо ва ҳамаи мардумро ба сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ даъват мекард. Фирориёнро барои баргаштан ба Ватан, деҳа ва макони доимии зисти худ даъват намуда, мазмун ва мундариљаи Изҳороти Шӯрои Олиро ташкил менамуд.  Раиси Шӯрои Олӣ  сарварони тарафҳои муқобилро ба иштирокчиёни Иҷлосия муаррифӣ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки: «Ин Иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки таќдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем».  

Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул намуд. Дар ин лаҳзаи фаромӯшнашавандаи таърихӣ таҳти кафкӯбии аҳли толор ҳамаи намояндагони силоҳбадаст ҳамдигарро ба оѓӯш кашида, изҳори дӯстӣ намуданд. Аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ниҳоят вазнин ва пурпечу тоби музокиротро тай намуд. Дар давоми қариб панҷ сол ҳашт давраи музокирот, 21 мулоқоти расмӣ ва даҳҳо вохўрињои ѓайрирасмї анљом дода шуд. Дар ин раванд њадафи асосї таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ҳарчӣ зудтар ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллат буд.

Мо мардуми шарифи кишвар аҳамият ва нақши таърихии Иҷлосияи тақдирсозро ҳеҷ вақт бояд фаромӯш насозем.  Пайваста аз он ёд оварда  насли имрӯзу ояндаро дар рӯҳияи содиқ будан ба меҳану давлат  тарбия намоем.

        Имрӯз баъди 30-соли баргузории анҷумани саодати миллат доир ба нақши он дар таърихи мамлакат андешаронда, қабл аз ҳама хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар ва ба андешаи миллӣ табдил додани ин мафҳум иброз намудан ба маврид аст.        

             Аз ҳама муҳимаш Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раванди барқароршавии давлатдории навини миллӣ  ибтидо гузошт. Бо оѓози гузошта шудани аркони давлатдории миллӣ бевосита марҳилаи муҳими омӯзиши амиқу тарѓиби густурдаи таърихи фарҳанги миллӣ, баҳогузории он аз рӯи меъёрҳои умдатарини умумимиллӣ ва умумибашарӣ шуруъ шуда, муҳимтарин ангезаҳои ташаккули андешаи миллӣ тарҳрезӣ гардиданд. Таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои мубораку муқаддаси миллӣ 1100-солагии таъсисёбии давлати Сомониён, 675-солагии Камоли Хуҷандӣ, 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнї, соли тамаддуни Ориёӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Соли бузургдошти забони тоҷикӣ, 1150-солагии Абуабдуллоњи Рӯдакӣ ва дигарон мисоли гуфтаҳои боло мебошанд. Ҳамзамон номгузорӣ гардидани бархе аз шаҳру ноҳияҳо бо номҳои асилу таърихии сарзамини тоҷикон ва бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳтарин фарзандони миллат аз қабили устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум дода шудани унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон аз он амалҳое маҳсуб меёбанд, ки ѓояҳои асили миллиро тарѓиб намуда дар рушди такомули њувияти миллӣ асос гузоштанд.   

         Маҳз кӯшишҳои пайвастаи ҳукумати қонунӣ, талошу суббот ва иродаи матини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳандозиҳои омилҳои зикргардида буд, ки тадриҷан ба ташаккулёбии нуфузи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оварда расонид. Дар робита ба ин фишангҳои тавоное баҳри рушди равобити байналмилалӣ ба вуҷуд омаданд, ки барои комилан ба анҷом расонда шудани раванди бозгашти фирориёни иҷборї, дар роҳи расидан ба сулҳи комил, мусоидат намуданд.             

       Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои кишвар, балки барои минтақаи Осиёи Марказї аҳамияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Минтақаи Осиёи Марказӣ, ки аз манотиқи қобили таваҷҷӯҳ дар бархурди манфиатҳои трансмиллист, бо зуҳури нооромии сиёсӣ, дар кадом кишвари ин минтақа набошад, боиси сар задании таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ гардиданаш аз эҳтимол дур набуд.Гузашти замон ва таҷрибаи таърихӣ дар тӯли 30 соли баъди Иҷлосияи таърихӣ исбот карданд, ки роҳи пешгирифтаи давлату ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди сарсупурдаи миллат Эмомалї Раҳмон аз нуқтаи назари ҳам стратегӣ ва ҳам сиёсӣ дуруст буд. Маҳз натиҷаи татбиқи сиёсати дуруст ва созанда дар њамаи ҷабҳаҳои фаъолияти кишвар буд, ки дар мамлакат марҳилаи таҳияву татбиқи барномаҳои давлатӣ, стратегияи рушд, консепсияи ташаккули давлати миллї фаро расид. Ин сиёсат ба раванди аз бурњони амиқи сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавӣ раҳо додани мамлакат ва ба вуҷуд овардани асосҳои давлатдории навини тоҷикон мусоидати комил намуд. Имрӯз ба дастовардҳои бузурги кишварамон ҳам дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ва ҳам дар миқёси минтақа назар афканда метавон равшану возеҳ эҳсос намуд, ки муҳимтарин ангезаҳои иқдомҳои бузурги созанда ҳануз дар ҳамон давраҳои мудҳиш маҳз ба хотири эътибори кишвар ва саодати миллат таҳррезӣ гардидааст.     

            Дар ҳақиқат, баҳри расидан ба ин рӯзи фирӯз наќши барҷастаи фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Хизматҳои хастанопазиру арзандаи Сарвари давлат аз ҷониби халқ ва мақоми олии қонунбарори кишвар бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат қадршиносӣ гардид.

Бо гузашти вақт аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтар хоҳад гашт, зеро он ба оламиён нишон дод, ки миллати тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳо метавонад ба ҳам ояду ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ибтидо гузорад.

 

Саидмуминзода Аббос, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай