Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ифтихори миллат

             Дар ҳар як давлати рӯи замин   таҷриба ва эътирофи раҳбарон ва Пешвоёни миллат низ вуҷуд дошта, ҳар яке бо тарз ва услуби худ зимоми роҳбариро ба  даст гирифтаву  хизмат  намудааст. Мақсад  аз  пешво эълон кардани  онҳо  низ  хизматҳои  шоиста  баҳри  халқу  миллати хеш  буда,  зиндагии осудаю тинҷию амониро  барои  онҳо  муҳайё сохтааст.
Дар ҳақиқат Пешвои  миллати мо Эмомалӣ Раҳмон қаҳрамон аст ва барои миллати тоҷик хизматҳои шоёнеро анҷом додааст. Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созандаю бунёдкорона маҳбубияти хосеро байни мардуми кишвар дорост. Президенти мамлакат бо нишони эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор миёни мардуми тоҷик  маҳбубияти зиёд дошта,   хизматҳои барҷастаи  ин нобиғаи сиёсат дар саҳифаҳои таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.

       Имрӯз, сарони давлатҳои ҷаҳон, олимон, коршиносон ва мутахассисони соҳа Президенти кишвар, Пешвои миллати мо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои чаҳонӣ дар баррасии масъалаҳои об эътироф кардаанд, ки ин боиси ифтихори ҳамаи тоҷикистониён мебошад, зеро чунин муносибат аз шуҳрати ҷаҳонӣ ва обрӯю эътибори баланди Эмомалӣ Раҳмон, намунаи ибрат дониста шудани тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мубрам на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон марди хирадманду оқил ва фозилу донишдмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш мутаҳҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.

         Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон пайваста дар бораи рушди соҳаи мактабу маориф, илму маърифат, фароҳам овардани шароитҳои мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзӣ ва ҳаёти ҷавонон ғамхориҳо зоҳир менамояд. Маҳз тавассути ғамхориҳои доимиву пайгиронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолияти давлатӣ ба ин мақсад шумораи зиёди муассисаҳои оливу миёна, китобхонаву осорхонаҳо, марказҳои варзишиву дилхушӣ сохта шуда, ба ихтиёри ҷавонон пешкаш шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама баромаду суханрониҳояшон пайваста таъкид месозад, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо бояд тамоми шароитҳо фароҳам оварда шавад. Барои инкишофи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ шароитҳо фарохам оварда шуд. Маҳз тавассути талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншоотҳои азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод.

 Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи маориф, ҷавонони бо ору номуси кишвар ва донишҷӯён бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, хониши аълову интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми бориз хоҳанд гузошт.

 

 

                                       Насимҷон Ғоибзода, мудири шуъбаи  маорифи ноҳия

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай