Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Иҷлосияи тақдирсоз

         Си сол қабл  дар   шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози 16- уми  Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин иҷлосияи бузурги таърихӣ Ҳукумати  нави  мамлакат  бо роҳбарии ҷавонмарди  далеру Ватанпараст  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омад ва ин  ҳукумат умеду   орзуи мардуми   дилшикастаро ба сӯйи  фардои нек, ба сӯйи  Сулҳу Ваҳдати  миллӣ  устувор сохт. Ва инак, 30 сол аст, ки  кишвари  маҳбуби  мо бо эътимоди  қавӣ  ба ояндаи  дурахшони  худ дар  радифи   кишварҳои дигари  олам бо сарбаландӣ гом мениҳад. Маҳз, ин иҷлосияи  тақдирсози миллат сабаб гардид, ки миллати  шарафманди тоҷик аз вартаи нобудию  парокандагӣ раҳо ёбад.

    Бузургтарин дастоварди   Иҷлосияи шонздаҳум- ин  ба сифати Раиси Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардидани   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор   меравад. Ин марди  хирадпеша  борҳо вакили  Маҷлиси Олӣ  интихоб   шуда,  дар ҳамаи  ҷаласаҳо  ҷасурона баромад карда, баҳри  пешрафти  кор, ҳалли масъалаҳои  муҳокимашаванда   таклифу  пешниҳодҳои  ҷолиб  баён  мекард.  Суханрониҳояш  басо дилписанду  писанди вакилон  ва мардуми  сарбаланди  Тоҷикистон буданд. Дар он шароити  душвор  ба симмати  роҳбари   давлати  Тоҷикистон  сари кор  омадани ҷавони 40- сола  ба қалбҳои   мардум  неруи  тоза  бахшид.  Ӯ  аз  ҳеҷ душворӣ,  аз ягон  таҳдид  натарсид,  балки  барои  таъмини  сулҳ  дар кишвари ба ҷанги  шаҳрвандӣ  ғарқгашта   борҳо  ба кишвари  Афғонистон рафт, бо мухолифин сари мизи  музокирот нишаст. Суханҳои   дилрасу боварибахши  Роҳбари ҷавони давлати Тоҷикистон натиҷаҳои  хуб ба бор овард.

   Ба диёри бостониву  ҳамешабаҳори  тоҷикон  сулҳи деринтизор   омад. То имрӯз аз  хотирҳо сухани аввалини  гуфтаашон  баъд аз Раиси  Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб гардиданашон  фаромӯш  нашудааст: “То як  гуреза  берун  аз Ватан аст,  ман  хотирҷамъ буда  наметавонам. Ман  ба  Тоҷикистон сулҳ меоварам!”.

   Ва ин  марди  оқилу  сулҳовар  ба қавлаш вафо кард.

    Мардуми сулҳпарвару  хирадманди  Тоҷикистон хизматҳои бузургу  шоистаи  Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  бо ихлоси зиёд,  бо меҳру муҳаббати  тоҷикона қадр карда, аз дилу ҷон  пос медоранд.

   Ҳар як фарди  кишвари  соҳибистиқлоламон набояд фаромӯш созад, ки  маҳз ба шарофати Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии  Тоҷикистон  ва хизматҳои  содиқона  ва шабонарӯзии  фарзанди  фарзонаи  миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар кишвари   мо Сулҳу  Ваҳдат  пойдор  гардид.

 

                                                                                                      Саидумар  Мирзоев,

                                                                                                   директори мактаби  №34

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай