Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - МЕЪМОРИ ДАВЛАТИ НАВИНИ ТОҶИКОН

            Тибқи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”, ки 14 майи соли 2016 қабул шудааст, ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистони азизи мо Рӯзи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.     Мусаллам   аст,  ки  таърихи  навини Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  баргузории  Иҷлосияи  таърихии  ХУ1 Шӯрои  Олии  Ҷӯмҳурии  Тоҷикистон  маншаъ   мегирад.  Ва   ин   таърихи   миллат ва  халқи  кишвар бо   ному   фаъолияти пурсамари  Асосгузори   сулҳу  ваҳдати   миллӣ-Пешвои   миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   пайванди   ногусастанӣ    дорад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ  Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба шахсияте, ки давлату миллатро аз нестшавию нобудшавӣ наҷот дод. Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат ҳамчун сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва дар маҷмӯъ ҳамчун меъмори давлати навини тоҷикон шинохта ва эътироф гардидааст.

Мушкилоти иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Пешвои  миллат  ҷойгоҳи махсусро касб намуда,  дастгирии ашхоси барҷомонда ва солорсолону собиқадорон, ятимон, духтарон азминтақаҳои дурдаст, ҷалби занон ба сохторҳои давлатӣ аз саҳми шахсии Роҳбари давлат башорат медиҳанд.  Аз ҷумла ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз 3 декабри соли 1999, №5, “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”, “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони    лаёқатманд   барои     солҳои   2017-2022”   аз   1    апрели     соли 2017, №158  аз ҷумлаи он ҳуҷҷатҳои   меъёрию ҳуқуқие мебошанд,   ки   ин ҳама  бозгӯи  ғамхориҳои ҳаррӯзаи   Пешвои   муаззами   миллат муҳтарам   Эмомалӣ   Раҳмон нисбат ба боло бурдани мақому манзалати зан дар ҷомеа мебошанд.

Имрӯз пеши назари мо баръало намоён аст, ки дар натиҷаи  қабули ин санадҳои меъёрию ҳуқуқии   Пешвои миллат  баланд бардоштани мақому манзалат ва мартабаи занону духтарон дар кадом сатҳ қарор дорад. Мо ифтихормандем, ки  тавассути қабули ҳуҷҷатҳои мазкур занону духтарони лаёқатманд дар вазифаҳои гуногуни давлативу роҳбарикунандаи    мақомоти    иҷроияи ҳокимияти давлатии    ноҳия,   ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо, идораҳо     ба ҳайси     муовини   раиси ноҳия, муовини раиси     Ҷамоат,  директори мактаб, ҷонишини директорони   мактаб,  масъули муассисаҳои тандурустии  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот кору фаъолият карда истодаанд.

Яке аз хизматҳои арзишманди  Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои занону духтарон таъсис додани квотаҳои президентӣ мебошад, ки боиси ҷалби шумораи зиёди духтарони минтақаҳои дурдаст ба муассисаҳои таълимӣ гардид.  Ҳамасола  мебинем, ки тибқи квотаи президентӣ  11 нафарӣ духтарон  ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил шуда, баъди хатм дар соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқ фаъолият мекунанд.

Акнун мо сарбаландӣ ва бо як ифтихормандиву итминони комил гуфта метавонем, ки фарзонафарзанди миллат, Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди халқу Ватан бо сарбаландӣ  ба ҷо оварда, сулҳу ваҳдати саросариро дар кишвари маҳбубамон  таъмин намуда, барои муназзам фаъолият кардани  ҳамаи сохторҳои давлатдорию хоҷагидорӣ,  ташкилоту муассисаҳо шароитҳои мусоидро фароҳам сохтаанд.

         Истиқболи  шоиставу арзанда аз  ин ҷашни  бузурги миллат  мақсаду мароми ҳар як сокини ватандӯсту баору номуси диёр аст.

Имрӯз мо дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Президент, ки рамзи ваҳдати миллӣ ва иттиҳод дар атрофи сиёсати созандагии кишвар аст, қарор дорем ва ин рӯзро ба ҳамаи мардуми кишвар муборакбод мегӯям.

 

Соҷидаи Илёсиддин,

Омӯзгори  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай