Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия)

Дар ҷаласаи навбатии назоратии назди раиси ноҳия, ки рӯзи 14 ноябр баргузор шуд, 13 масъалаи ҳалталаби рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷаласа таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода гузашт.

  Дар аввал, масъалаи иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт. Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия иҷро нагардида, ташвишовар  мебошад.  Раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ба  ҳамаи нафарони масъул Бодомзода С.,  Комиссариати  Ҳарбӣ,  Раисони Ҷамоатҳо дастуру супоришҳо доданд, ки баҳри иҷроиши нақшаи  даъвати тирамоҳӣ  чораҳои қатъӣ андешанд.

Ҷамъоварии маблағҳои  андоз барои моҳи  ноябр низ аз масъалаҳои  умдаи рӯз  ба шумор меравад, ин масъала ҳам ҷиддӣ баррасӣ шуда, масъулони  соҳа  аз  ҷониби  раиси ноҳия   вазифадор  карда  шуданд,  ки нақшаи   ҷамъоварии  маблағҳои андоз  сари вақт ба ҷо оварда шавад.

   Масъалаҳои дигари рӯзнома- тоза  намудани заминҳое, ки  дар  онҳо кишти ҷуворимакка  гузаронида  шуда  буданд, ба  роҳмондани  ҷамъоварии ғузапоя дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқоние, ки иҷрои нақшаи Дурнамои пахтаро иҷро карданд, назорати ҷиддӣ ба  рафти корҳо ва  пешниҳоди маълумот дар бораи тозакунии  заҳбуру  заҳкашҳои байнихоҷагию  дохилихоҷагӣ  ва тозакунии каналҳои обгирӣ низ ҳаматарафа муҳокима  гардида, раиси ноҳия ба шахсони мутасаддї ҷиҳати  иҷроиши  масъалаҳои  муҳокимагардида  супоришҳои мушаххас доданд.

 Дигар масъалаҳои рӯзнома, аз қабили назорат оид ба гармкунии синфхонаҳои таълимӣ ва боғчааҳои кӯдакона, пешниҳоди маълумот  дар  бораи фаъолияти ҳамаи  муассисаҳои тандурустии ноҳия ҷиҳати риояи  қоидаҳои санитарӣ, баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба  ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16- уми  Шўрои Олии Ҷумњурии Тољикистон ва  таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва насб намудани лавҳаю навиштачотҳо бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумњурии Тољикистон, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами  давлатӣ, пешниҳоди маълумот оид ба ҳолати баррасии мактубҳои аз мақомоти болоӣ воридгардида ва пешниҳоди маълумот оид ба  рафти  иҷрои онҳо,  иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳо аз рӯйи дастуру супоришҳои додашуда ҳам мавриди баррасии  ҷиддӣ қарор гирифта, раиси ноҳия ба ҳамаи шахсони масъул баҳри амалишавии масъалаҳо дастуру супоришҳои  мушаххас  доданд.

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай