Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Назму тартиб ҳар куҷоест пойдор..

    Дар давраи   сохти обшинаи  ибтидоӣ, замоне ки на хат буду на савод, на санади ҳуқуқие ва одамон тӯда тӯда шуда, умр ба сар мебурданд, нишонаҳои аввалини  қонунгузорӣ арзи ҳастӣ дошт. Дар одитарин сатҳ ҳам бошад, дар ҷамоаҳои инсонӣ, чуноне ки  дар  олами ҳайвонот мебинем, нишонаҳои аввалини қонуният вуҷуд дошт.

Яъне ба ҳар ҳол  роҳбаре  кору зиндагиро танзиму назорат мекард.

      Нақши мондагори  қонунгузориро дар аҳли шӯравӣ шоҳидони  ҳол хуб дар ёд доранд. Эҳтиром ва иҷрои бечуну чароҳи  қонунҳои давр аз  поён то боло ҳатмӣ  ва талабот дар ин самт  хеле пурзӯр буд. Ҳуқуқи меҳнаткашон, адолати иҷтимоӣ куллан татбиқ  мегардид  ва  яке аз  омилҳои қудрати ҳукумату   давлати шӯравӣ ҳам қонунҳои ҳамаҷиҳата суфта ва серталабаш буд.

    Бурди бузургтарини собиқ шӯравӣ маорифаш буд, ки  имрӯзҳо аз тарафи  ҳамонҳое, ки дар кори аз  байн бурдани  он самгузор буданд, ҳамчун пешрафтатарин  системаи  маорифи ҷаҳон баҳогузорӣ  шудааст.

    Қабл аз фурӯпошии  собиқ  СССР, ҳамагон шоҳидем, ки хоинону  душманони миллат пеш аз ҳама ба суст кардани рукнҳои давлатдорӣ, заиф гардондани соҳаи маориф, сиёсати қонунгузории мамлакат даст ёфтанд, ки дар натиҷа оқибатҳои мудҳишу  харобиовари  онро солҳои 90-уми асри гузашта  дар тамоми қаламрави  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳама ба таври возеҳу равшан дидем.

    Ин ҷараён дар қаламрави ҷумҳурии мо  мудҳиштару талхтар сурат гирифт ва ба ҷанги дохилӣ оварда  расонд.

    Ба бахти мардуми мо  роҳбар интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик тавонист, ки  бо муттаҳидӣ   иштибоҳи сиёсии  худро ислоҳ намояд. Аз рӯзҳои  нахустини фаъолият  ба ҳайси Раиси Шӯроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавсуф ба таҳкими қонунгузорӣ, пурзӯр намудани  мубориза ба вайронкунандагони  қонун, унсурҳои  ҷиноӣ даст ба кор гардид. Роҳбари давлат  диққати асосиро  ба эҳё ва ба маҷрои  дуруст равона  сохтаи  соҳаи маориф  сафарбар намуд, зеро хуб дарк менамуд, ки сарнавишти   минбаъдаи миллату давлат  аз пешрафти   маориф вобастагии калон дорад.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро  самти афзалиятнок эълон карда,  онро барҳақ  омили муҳимтарини   таҳкими давлат  ва наҷоти миллат  номидаанд. Дар давоми се даҳсолаи   соҳибистиқлолӣ дар   мамлакат барои  беҳбуд бахшидани  соҳаи маориф корҳои  зиёде анҷом дода шудаанд, ки номбар кардани ҳамаи  онҳо дар як мақолаи хурд аз  имкон берун мебошад ва чандон ҳам зарурат надорад, зеро “он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”  гуфтаанд. Имрӯз  ба бинои замонавии  мактабу  литсей гимназия  ва донишгоҳу  донишкадаҳои  ҷумҳурӣ  назар афканда, он  ҳамаро  баръало дидан мумкин аст. Ба қавли шоир:

                  Назму  тартиб ҳар куҷоест  пойдор,

                  Зиндагию кор мегирад қарор.

      Мо маорифчиёни  кишвар ҷавобан ба  ғамхории  роҳбарияти  давлату   ҳукумати  кишвар ба соҳаи маориф  тамоми ҷидду  ҷаҳди худро пайи он равона  месозем, ки  дар баланд  бардоштани  мақоми илму  дониш ва маърифати   сиёсии насли наврасу  ҷавони  ҷумҳурӣ  ҳисагузор  бошем.

 

                                                                           Парвина  Абдураззоқова,

                                                                             Омӯзгори МТМУ №6

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай