Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Иҷлосияи наҷотбахш

             Бояд гуфт , ки агар  истиқлолияти  кишвар  барои  мо  мустақилияту  озодиро оварда  бошад, пас Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи  истиқрои  сулҳу ризояти миллӣ  ва  роҳи наҷоти миллиро  барои пешрафту  бунёдкорӣ таъмин намуд. Дар баробари ин, барои ҳимояи  истиқлолияти ваҳдати миллӣ  ва сарҷамъ  кардани миллати  тоҷик хизматҳои   пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст ки аз  ҷониби  ҷомеаи  ҷаҳонӣ низ эътироф гардидааст. Дар ҳошияи  ин  гуфтаҳо  зикраш  равост, ки нақши  Президенти кишвар барои  Эмомалӣ Раҳмон истиқрори  сулҳ, ризоят ва дарёфти роҳҳои наҷоти миллӣ  бузург  аст.

     Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олӣ  иҷлосияи  таърихиест, ки дар рушду инкишофи  ҷомеаи  тоҷикон нақши бузурги  созандагию бунёдкорӣ дошта, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ  ва таҳкими сулҳ аз он сарчашма мегирад. Иҷлосияи  наҷотбахши таърихӣ моҳияти бузурги   сиёсӣ дошта, барои  ҳалли   масъалаҳои  ҷанги шаҳрвандӣ  ва усулҳои  ба  эътидол овардани  вазъи  кишвар дар он 74- санади ҳуқуқӣ  қабул гардида аст, ки ҳамаи онҳо дар маҷмуъ як барномаи мукаммали  ба эътидол  овардани  кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ин  рӯ, ба хотири 30- юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон мо бояд вазифа  ва ҳадафҳои  Иҷлосияи  мазкурро ҳамчун арзиши таърихию сиёсӣ дониста, барои кордонӣ  ва интихоби  дурусти сарвари сиёсӣ ба вакилони Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор бошем.

   Бояд зикр кард, ки аҳамияти таърихии Иҷлосия барои дарки  худшиносӣ ва ҳувияти миллии ҳар як фарди Тоҷикистон арзиши бузурги таърихи дорад.

                                                                                      Гулмадов  Тошмад,

                                                                                   омӯзгори  МТМУ  №30

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай