Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХV1 ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД...

БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ ХV1 ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД...

       

                                         Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

                              Зинда он номест, ки дар қалби  мардум ҷо гирифт.

  Дар ноҳия кам нестанд ва набуданд, онҳое, ки  бо фаъолияти ибратбахшу хизматҳои пурарзиши хеш чӣ дар назди давлат ва чӣ миёни мардум обрӯ ва эътибори хоссаеро пайдо намуданд.

Абдулҳамид Сафаров. Ин  марди накӯному накӯкор, ободкору  маҳбуби дилу дидаи мардум агар  имрӯз дар қайди ҳаёт мебуданд, дар баробари  30-солагии Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳафтодсола мешуд. Аммо бо ҳукми тақдир ӯ ҳамагӣ 65 сол умр диду халос. Дар тӯли 65 соли ҳаёт аз ӯ номи нек дар байни мардум, ёру дӯстон ва ҳамкорон боқӣ монд.

Қабл аз рӯи коғаз овардани  ҳолномаи ин марди накӯному зиндаёд, аз китоби “Вакилони халқ” дар маълумоттномаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  даъвати  дувоздаҳум  (солҳои 1991-1995) чунин қайдҳо оварда шудаанд: “Сафаров Абдулҳамид вакил аз ҳавзаи интихоботии Даштигуло, №205, ноҳияи Москва. Соли 1952 дар деҳаи Ҳазрати Эмоми  ноҳияи Москва таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ-олӣ, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун иқтисодчии иттиҳодияи районии “Селхозтехника”  оғоз намудадар вазифаҳои  котиби кумитаи комсомолии собиќ колхози  ба номи Ленини ноњия, котиби дуюм, сипас котиби якуми  кумитаи комсомолии ноњия,  корманди кумитаи  ноњиявии Ҳизби  коммунист, раиси кумитаи ноҳиявии иттифоқҳои касаба, котиби  кумитаи  ҳизби коммунисти собиқ колхози ба номи Ленин, раиси  собиқ колхози ба номи Ленин кор  кардааст”.

Имрӯз мо аз шахсияте ёдоварӣ менамоем, ки  ӯ дар кори Иҷлосияи таърихии  ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки ба мо сулҳу амонӣ оварда, сарзамини аҷдодиамонро аз парокандагӣ ва миллионҳо нафар одамонро аз парешонию бедавлатӣ ва бесоҳибӣ  наҷот бахшид, ҳамчун вакил иштирок дошт.

Сафаров Абдулҳамид ва ҳамаи он вакилоне, ки фикру зикрашон фақат дар оромии мардуму кишвар  ва хотима бахшидан ба ӯ нобасомониҳову кашмакашиҳои дохили кишвар буд,  мефаҳмиданд, ки ягона ниҳоди қонуние, ки метавонад, қарорҳои қувваи қонунидоштаро дар ҳудуди мамлакат қабул намояд, ин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, вакилони ин Иҷлосия  дар он лаҳзаҳои бисёр ҳам ҳассосу хатарзои соли 1992  барои давлату миллат ҳуқуқи иштибоҳ карданро надоштанд.  Ҳамчун вакили Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров А. дар ин маврид рисолати худро чун дигар вакилон дар масъалаи барқарор намудани  сохти конститутсионии кишвар ва сохторҳои он, аз ҷумла сохторҳои қудратӣ, эҳёи давлат ва истиқлолияти миллӣ, таъмини саросарии  кишвар ба сулҳу оромӣ ва  хотима бахшидан ба ҷангу кашмакашӣ ва хунрезиҳои дохилӣ медонист. Ӯ дар қабули 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот иштирок карда, ба тарафдории онҳо овоз додааст. Охир ӯ медонист ва дарк мекард, ки муҳтаво ва мақсади асосии қабули онҳо барои ба эътидол овардани авзои сиёсии кишвар, таҳкими низоми давлатдории навини миллӣ, ҳифзи арзишҳои олии миллию давлатӣ ва ҳимояи сохтори конститутсионӣ равона шуда буданд. Ва ҳам хуб дарк мекард, ки  аз иҷрои таъмини масъалаҳои мазкур танҳо Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистони ба тоза интихобгардида, фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон  мебарояд, дар ҳоле, ки  касе аз миёни вакилон ва дигар иштироккунандагони Иҷлосияи мазкури таърихӣ дар он лаҳзаҳои ҳассос  ҷуръат накарданд, ки рисолати Сарварии давлатро ба зимма гиранд.

Дуруст аст, ки бо ин қонунҳо бе қабули фаврии Конститутсия муносибатҳои нави бавуҷудомадаро ба таври ҳамаҷониба танзим кардан имконнопазир аст.  Аз ин рӯ, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 30 сентябри соли 1993, таҳти №1428 қарор дар бораи таъсиси гурӯҳи кории Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ  қабул намуд. Дар мавриди таҳияи лоиҳаи Конститутсия  хусусиятҳои миллӣ ва таҷрибаи байналмилалӣ  бояд ба инобат гирифта мешуд. Сафаров А. яке аз вакилони фаъоли Иҷлосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ  ҳамчун аъзои комиссияи конститутсионӣ аз Тоҷикистон  ҳамроҳи вазири вақти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.М.Исмоилов  ба давлати Шветсария  сафар карда, дар шуъбаи дар  Женева будаи  СММ  оид ба ҳуқуқи инсон  барои омӯхтани Конститутсияҳои давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ширкат варзид. Ин маънои онро дорад, ки саҳми вакили интихобнамудаи мо  шодравон Сафаров А. дар таҳияи Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол  арзанда мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  солҳои навадум  дар баробари вазъи муташанниҷи сиёсӣ  вазъи иқтисодии мамлакат ва зиндагии мардуми  он дар кадом сатҳ қарор дошт. Дар он шабу рӯзҳои пурташвиш ба вилояти Кӯлоб маводи асосии ғизоӣ – ғалла ворид намегардид. Вилоят дар муҳосираи иқтисодӣ қарор дошт. Ғалладонае, ки аз киштзорони ноҳияҳо ҷамъоварӣ шуда буд, барои 4-5 моҳ кифоягӣ мекарду халос. Мардуми кишварро, аз ҷумла мардуми ноҳияамонро низ гуруснагӣ таҳдид мекард.Дар натиҷаи азму талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  мамлакат аз ин вазъи душвор  баромад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои душвор  барои мардуми ноҳия  Сафаров Абдулҳамид  - раиси колхози ба номи Ленин, вакил аз ҳавзаи интихоботии Даштигуло, №205, ноҳияи Москва ва Ҷамолиддин  Мансуров - раиси вақти ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ), депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,   дар таъмини аҳолии ноҳия, аз ҷумла мардуми  деҳоти Даштигуло бо орду ғалла ва аз вартаи душвори иқтисодӣ ва гуруснагӣ баровардани онҳо нақши босазое гузоштанд. Ва мардуми ноҳия то имрӯз аз вакили интихобкардаи хеш, шодравон Сафаров Абдулҳомид ва Ҷамолиддин  Мансуров бо некӣ ёд мекунанд. Ва метавон гуфт, ки мардуми ноҳия, аз ҷумла интихобкунандагони деҳоти Даштигуло дар интихоби Сафаров Абдулҳамид  ба сифати вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хато накарданд.

Заҳмату талошҳои Сафаров А., меҳнати шоистаи ӯ бо унвону ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва 15 ноябри соли 2002 бошад, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои хизматҳои пурсамараш бо медали “10-солагии Иљлосияи ХV1 Шўрои Олии Ҷумњурии Тољикистон” қадрдонӣ шудааст.

                          Эй хуше, марде, ки монад номи некаш дар ҷаҳон,

                          То қиёмат ќисса бо номаш бихонад қиссахон. 

 

 

Илёсиддин Набиев,

котиби Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ

дар ноҳияи Мир СайидАлии Ҳамадонӣ

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай