Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ИФТИХОРИ МИЛЛӢ АЗ ҲАМА ВОЛОТАР АСТ

           Ба таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст,  23 феврали  соли 2023  30 сол пур мешавад. Дар тӯли ин солҳо фаъолияти сохторҳои гуногуни ҳарбӣ Артиши миллӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки мисоли онро мо дар сатҳи баланди шароити буду боши хизмати ҳарбии сарбозону афсарон, таъминоти техникию силоҳ ва дигар муҳимоти ҳарбӣ мебинем. Ҳамчун омӯзгори фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ мехоҳам сари масъалаи дигар- омилҳои саркашии баъзе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ фикрамро иброз намоям.

         Вақте ки  тавассути  садову симо  суханрониҳои  ҷавононро доири самимияташон ба Ватан мешунавем, бисёр шод мегардем, вале вақте мебинем, ки  бархе ҷавонон бо ҳар роҳу восита  худро аз хизмати ҳарбӣ дур мегиранд, ҳайратзада мешавем. Чунонки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон  даъват карданд: “ Ватанро бо қалб  бояд дӯст дошт”.

        Ҳамасола  бо фармони Сарфармондеҳи Олии Ќувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалї Раҳмон ҷавононе, ки  то рӯзи даъват синнашон ба  даъват расидааст, дар ду мавсим ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Ва сар мешавад “ташвишҳо”-и  баъзе ҷавононе, ки  мехоҳанд, бо ҳар роҳ  худро аз хизмати ҳарбӣ канор гиранд. Ман, ки омӯзгор ҳастаму  ба қавле, ба шогирдон  дарси мардонагию шуҷоат меомӯзам, чунин амали ҷавононро дида, афсӯс  мехӯрам.

         Имрӯз бедор кардани ҳисси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, арҷ гузоштан ба  қаҳрамонони миллат масъалаи муҳими таълиму тарбияи  насли наврас  ба шумор меравад. Омодагии ибтидоии ҳарбӣ фаннест, ки ба воситаи  он таърихи  таъсисёбии Артиши миллӣ, навъҳои қушун, усулҳои ҷангӣ, силоҳҳо ва техникаи  ҳарбӣ, машқҳои сафороӣ ва ҳуқуқу уҳдадориҳои сарбозону афсарон омӯхта мешавад. Дар дарси омодагии ибтидоии ҳарбӣ  наврасонро дар рӯҳияи  ватандӯстӣ тарбия намудан  вазифаи муқаддаси омӯзгори ин фан мебошад.

   Масъалаи  тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстии наврасон дар муассисаҳои таълимӣ  метавонад бо роҳҳои гуногун амалӣ гардонида шавад: аз  ҷумла, бо расонидани маълумотњои назариявӣ ва амалӣ.

   Бо истифода  аз роҳҳои назариявӣ метавонем мавзӯъҳои гуногуни гузаштаву муосирро, ки ҷанбаи  асосии онҳоро тарбияи   ватандӯстӣ ташкил медиҳад, дар  машғулиятҳо ба таври васеъ истифода барем.

          Воситаи дигари қавӣ гардонидани  меҳри ватандӯстии хонандагон тарбияи ҳуқуқии шогирдон мебошад, ки  дар ин  раванд хонандагон бояд бо муқаррароти  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти  падару модар  дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи  уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизматӣи ҳарбӣ” ва дигар санадҳои марбут ба мавзўи  мазкур шинос  гардонида шаванд.

     Нақши асосиро  дар баланд бардоштани  ҳисси ватандӯстии хонандагон , ба назари ман, корӣ амалӣ  мебозад. Ин пеш, аз ҳама тақвият бахшидани  масъулияти падару модар  дар тарбияи фарзандон ва гузаронидани ҷамъомадҳо аз тарафи  муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон мебошад.  Бояд қайд кард, ки   ҳамасола  омӯзгорони ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои хонандагонеро, ки ба синни 15 расидаанд, барои гузаштан қайди ҳарбӣ ва муоинаи   комиссияи тиббии назди комисарияти ҳарбии ноҳия омода менамоянд. Хунукназарии баъзе волидон, яъне сари вақт  пешниҳод накардани  ҳуҷҷатҳои  фарзандон  ба кори омӯзгорони ҳарбӣ монеа эҷод менамояд.

       Гузаронидани вохӯриҳо бо намояндагони комисарияти ҳарбӣ, қисмҳои  ҳарбӣ ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ омили дигари тарбияи  ватандӯстии  хонандагон мебошад. Ба хотир дорам, дар яке аз вохӯриҳоямон бо сарбозону афсарон дар қисми ҳарбии сарҳадии 0307-и  мустақар дар ноҳия баъди  шиносӣ бо шароити будубоши хизмати ҳарбии сарбозон гуруҳе аз  хонандагон таассуроти худро ба сардори қисми ҳарбӣ иброз намуданд. Дар зимн пешниҳод  карданд, ки баъди хатми  муассисаи таълимї ба онҳо иҷозат диҳанд, то маҳз дар ҳамин қисми ҳарбӣ хизмат намоянд. Аз ин пешниҳод мо, омӯзгорон ва афсарон изҳори қаноатмандӣ намудем, зеро ақидаи  хонандагон  нисбат ба хизмати ҳарбӣ баъд аз вохӯрӣ комилан дигар шуд.

      Дар муассисаҳои таълими  маҳфилҳои гуногун аз қабили “Афсарони ҷавон”, “Нишонзани беҳтарин” ва “Ватанпарвар” бояд ҷиддӣ ва самараовар  фаъолият намоянд. Дар сатҳи ноҳия  ҳамасола дар арафаи  рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ озмуни ҳарбӣ   варзиши   “Ватанпарвар” байни хонандагони синфҳои 10-11 гузаронида мешавад. Мушоҳидаҳо  нишон медиҳанд, ки баъди баргузории чунин озмунҳо теъдоди  дохилшавандагон ба муассисаҳои таълими олии ҳарбӣ ва ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ бамаротиб меафзояд.

                                                                                    Ҳайдар Зуҳуров,   омӯзгори МТМУ №16

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай