Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷамъомади тантанавӣ Ба ифтихори 30- солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                       

      Имрӯз, 16 ноябри  соли  2022 дар толори  Филармонияи  мардумии ба номи  Одина  Ҳошимов  бахшида   ба Иҷлосияи   xvi  таърихии  Шӯроӣ  Олӣ  ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷамъомади тантанавӣ  баргузор  шуд.

     Дар чорабинии  идона  раиси ноҳия  муҳтарам    Бозоралӣ  Одиназода ,    муовинони соҳавӣ,   роҳбари    дастгоҳи  раиси ноҳия, мудирони  шуъбаҳои  МИҲД-и ноҳия,  роҳбарони  мақомотҳои  ҳифзи  ҳуқуқ,  маориф, фарҳанг, тандурустӣ,  роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо,  раисони  ҷамоатҳо, фаъолон  ва собиқадорони  меҳнат  иштирок намуданд.

     Чорабиниро  раиси ноҳия, узви Маҷлиси  Миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода   ҳусни ифтитоҳ  бахшида, зимни суханронии хеш доири нақши бузурги  Иҷлосияи xvi  сарнавиштсози  миллат  ва саҳми  барҷастаи   Роҳбари  давлат,  сиёсатмадори асил муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон    дар пойдории давлати  тоҷикон,  таҳкими  сулҳу суботи  сиёсӣ, осоиштагии  миллати шарафманди тоҷик  ҳарф зад.

     Муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  қайд карданд, ки  бо амри  Парвардигор  шахсияти барҷастае  зимоми давлатдориро дар Тоҷикистон  ба даст гирифт,  ки   ӯ давлати қариб ба нестӣ  расидаро аз фаношавӣ  раҳонид ва ин шахси худодод Эмомалӣ Раҳмон  буд.  Инчунин,   таъкид доштанд, ки   мо мардуми тоҷик,  ҳар як  фард  шукргузор  бошем, ки чунин роҳбари   барҷаста  дорем  ва бояд  дар атрофи  Пешвои  Муаззами  миллат муттаҳид  бошем. 

      Сипас, дигар  иштирокчиёни  ҳамоиши   идона баромад карда,  андешаҳои  худро иброз  доштанд.

Дастаи ҳунармандони  Филармонияи  мардумӣ  хотири иштирокчиёни  ҳамоиши  идонаро  бо суруду  таронаҳои  дилошуби худ  шод гардониданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай