Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Асрори баъзе парчамҳо

         ИМА.  Парчами Амрико имрўз аз 13 рахи сурх ва сафед ва 50 ситораи сафед дар  ранги кабуд иборат аст. Вобаста ба он ки дар солҳои гуногун теъдоди иолатҳо таѓйир меёфт, шумораи ситораҳо меафзуд.

Олмон. Ин давлат ҳамчун мамлакати соҳибихтиёр умри андаке зиёд аз садсола дорад. Ҷанги Франсияву Пруссия аввалин маротиба ба пайдоиши давлате бо номи империяи Олмон сабаб гардид. Парчами ин давлат се ранг дошт, ки рангҳои анъанавии пруссҳо (сафеду сиёҳ) ва ганзеӣ (сурху сафед)-ро муттаҳид мекард. Ин парчам то чанд муддат (солҳои 1867-1871) вазифаи парчами Иттиҳоди Олмони шимолиро низ адо кард. Баъди шикасти Олмон дар ҷанги аввали ҷаҳон ва таъсиси Ҷумҳурии Веймар парчами ин давлат аз соли 1919 шакли сиёҳу сурху зардро гирифт. То имрўз он бо баъзе таѓйирот мавриди истифода аст. Ба истиснои он ки  аз соли 1933 то охири ҷанги дуюми ҷаҳон фашистон нишони салибро ба он ҳамроҳ карданд.

 Чин. Ҷанг, инқилоб боиси борҳо иваз гардидани парчами ин давлат  дар асри бист шуд. То оғози асри 20 унвони давлат империяи Чин буд. Баъди инқилоби соли 1911 то соли 1928 дар парчам тарзи асосии давлатдорӣ: панҷ миллат дар иттиҳод ворид гашт. Ҳар як ранг рамзеро ифода мекард: сурх-чиниҳо  (хонҳо), зард- манҷурҳо, кабуд-муғулон, сафед-чиниҳои мусулмон (хуйҳо) ва сиёҳ-тибетиҳо. Ногуфта намонад, ки парчами то соли 1928 дар Ҷумҳурии Чин маъмул дар давлати соҳибихтиёри Тайван мавриди истифода аст. Он ба ғояҳои ҳизби миллатпарастии Гоминдан ва роҳбари он Чан Кайши мувофиқ мебошад.

Россия. Дар парчами Россия рангҳои сафед, кабуд ва сурх мутаносиб омадаанд. Баъзе нишонаҳоро он аз парчами тоинқилобии давлати подшоҳии Рус гирифтааст. Россия дар байни ҷумҳуриҳои собиқ шўравӣ нахустин шуда, соли 1994 22 августро Рўзи парчами давлатӣ эълон кард ва он ҳар сол ботантана ҷашн гирифта мешавад. Шаҳрвандон ба ҳамдигар парчамҳои хурд ва нишону риштаҳоро ба шакли рангҳои парчам туҳфа мекунанд.

Парчамҳои хўрокӣ.

Чанд сол  пеш дар Сиднейи Австралия озмуни байналмилалие баргузор гардид. Дар он ҳар як давлат ҳунари пазандагӣ ва қаннодии хешро ба намоиш гузошт. Аз ҷумла, парчамҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки аз намудҳои хўрокҳо ва маҳсулоти миллӣ тайёр шуда буданд.

Тоҷикистон. Шакли имрўзаи Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 25 ноябри соли 1992 қабул шудааст. Дар асоси Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (24 ноябри соли 1992) се ранги парчам рамзи: сурх-коргарон, сабз-деҳқонон, сафед-зиёиён аст. Рамзҳои рангҳои парчами давлати мо ба гузаштаи дур мебарад. Чунончи, дар асоси навиштаи Авасто аҳолии озоди гузаштагони мо ба се қисмат: лашкариён-ранги сурх, рўҳониён-сафед ва кишоварзон (заминдорон) –сабз ҷудо мешуданд. Тоҷи ба тарзи нимкурра кашидашуда дар парчам ифодагари мустаќилият ва соҳибихтиёрии  давлати Тоҷикистон аст.

Таҳияи Ф. Набиев, мудири филиал-китобхонаи №17,шаҳраки Москва

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай