Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Сафари Сафири Ҷумҳурии Корея ба ноҳияи Ҳамадонӣ

     Имрӯз  Сафири Фавқулода   ва мухтори  Ҷумҳурии  Корея     дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Квон Донгсок  бо сафари корӣ ба ноҳияи  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ташриф  оварданд. Меҳмони олиқадр  ва ҳамроҳони ӯро  дар даромадгоҳи  ноҳия  раиси ноҳия, Узви Маҷлиси  Миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода   ва муовинони раис ва дигар шахсони расмӣ  самимона истиқбол  гирифтанд.

     Меҳмони  олиқадр  бо ҳамроҳии раиси ноҳия   ва дигар шахсони расмӣ  аз  ҶДММ  “Тоҷ  Агро” боздид  намуда, бо кору фаъолияти кормандони ҷамъияи  мазкур  шинос гардиданд.  Меҳмони  олиқадр  ба фаъолияти кормандони ҶДММ “ Тоҷ  Агро”  ва парвариши маҳсулоти  гармхона, ки  диққати онҳоро ба худ ҷалб намуданд, баҳои баланд доданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай