Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо -   СЕМИНАР МАШВАРАТ

          Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии “Умеди Ғафор”-и ҷамоати деҳоти «Қаҳрамон» аз тарафи мутахассисони Раёсати кишоварзии ноҳия  семинари амалӣ оид ба кишти картошка ва зиёд намудани истеҳсоли он бо истифода аз технологияи муосир баргузор гардид.Дар семинар раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, муовини якуми раиси ноҳия Орифзода Маҳдӣ  раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва роҳбарони хоҷагиҳои деқонӣ иштирок доштанд.

   Нахуст, раиси ноҳия ба сухан баромада, таъкид доштанд, ки дар ҳар як хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ кишт намудани картошка аз манфиат холӣ набуда,   риоя ва сари вақт  гузаронидани қоидаҳои агротехникӣ метавонад боиси фаровон гаштани ҳосил гардад.

        Баъдан, собиқадори меҳнат, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ Зиё Раҳмуллоев ба ҳозирин тарзи омода намудани замин ва кишти картошкаро ба  таври амалӣ нишон дода, тарзи нигоҳу бин ва парвариши онро низ баён доштанд.  Мавриди зикр аст, ки дар хоҷагии деҳқонии “Умеди Ғафор” бо иштироки мутахассисон майдони 0,50 га кишти картошка  гузаронида  шуд.

   Семинари амалӣ барои хоҷагидорон дар самти зиёди намудани истеҳсоли барвақтии картошка  басо муфиду манфиатбахш буд.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай