Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раис

   Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия   ҷаласаи назоратии назди раис баргузор гардид ва ҷамъомад  таҳти  раёсати  раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  ҷараён гирифт.

    Дар ҷамъомад  муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳои  МИҲД, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фарҳанг , маориф, тандурустӣ, ташкилоту муассисаҳо,  раисони Ҷамоатҳо  иштирок доштанд.

     Масъалаи аввали рӯзномаи ҷамъомад  ҷамъоварии  маблағҳои андоз барои моҳи декабр буд ва ин масъалаи муҳим ҳаматарафа баррасӣ  шуда, раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  ҷиҳати иҷроиши  нақшаи  андози  моҳонаву солона ба масъулини соҳа Орифзода  М., Ҳукуматов Р., Расулзода Қ.,  дастуру супориш доданд, ки  баҳри таъмини натиҷа чораҳои  қатъӣ андешанд.

    Масъалаҳои  дигари ҷаласа- кишти тирамоҳии  зироатҳо ;  рафти кишти картошка ,  тозакунии заминҳо  аз ғӯзапоя, аз  тарафи АИО оид ба бастани шартномаҳо бо х/д барои   хизматрасонии  оби полезӣ;  таъмин намудани биноҳои  таълимӣ  ва шуъбаю  ҳуҷраҳои муассисаҳои тандурустӣ бо гармӣ, корбарӣ дар самти  ҷалби ҷавонони синни  даъватӣ  ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ; шинондани дарахту  ниҳолҳои ороишӣ, гулу гулбуттаҳо дар роҳу шоҳроҳҳо, бахусус шинондани гули  садбарг дар даромадгоҳи  ноҳия;  ташкили шанбегиҳо ва баргузор намудани  чорабинии “Аксияи тозагӣ” дар ташкилоту  муассисаҳо, маҳаллаҳои шаҳраку деҳот низ ҳаматарафа баррасӣ гардид, ва раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  ҳамаи масъулини соҳаҳоро вазифадор намуданд, ки баҳри иҷроиши корҳо корбарӣ намуда, чораҳои дахлдор андешанд.

     Доири масъалаҳои ҷамъбаст  ва пешниҳоди маълумотҳои оморӣ аз рӯи натиҷаҳои рушди ҳамаи соҳаҳо дар 11- моҳа; ҳолати пешниҳоди  ҳисоботҳо оид ба иҷрои  Барномаҳои давлатӣ ва Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия , ки то 15 декабр муҳлат дорад, омода намудани маводҳои  иҷлосияи  навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, иҷрои нақшаи  обуна-2023 ба  рӯзномаю маҷаллаҳо раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  ба  муовинони соҳавӣ,  роҳбари дастгоҳ,  почта, раисони Ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳо  дастуру  супоришҳои  қатъӣ доданд, ки баҳри   иҷроиши  корҳо чораандешӣ  намоянд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай