Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Савганди ҳарбӣ

          Имрӯз дар   ќисми ҳарбии 45085-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия маросими Савгандёдкунии  навъдаъватшудагони  даъвати тирамоҳии соли 2022 баргузор шуд.

     Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ва роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ширкат ва суханронӣ намуданд.

    Нахуст, гузориши командири қисми ҳарбӣ ба Раиси Кумита (муовини  Раиси Кумита)  оид ба омодагии ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ ба муносибати “Саваганди ҳарбӣ” шунида шуд.

 Сипас, бо ворид гардидани Байрақи ҷангӣ аз ҷониби Байрақдор ва дигар ёваронаш  маросими “Савганди ҳарбӣ” тантанавор оғоз гардид.

 Ҳар як навдаъватшаванда  барои қабули Савганди ҳарбӣ дар ҷойҳои муайянгардида рост истода,  чунин мегуфтанд ;

“Савганд мехӯрам,  сарбози бошараф, боинтизом  далер ва ҳушёр бошам. Ватанро ҳамчун модар азиз медорам, муҳофизат мекунам ва наҷот медиҳам”

Баъди анҷоми маросими “Савганди ҳарбӣ” сухани табрикоти  ба раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дода шуд. Раиси ноҳия зимни баромади хеш ҳамаи сарбозону афсарони қисми ҳарбии мазкурро табрику таҳният гуфта, хизмати содиқонаю софдилонаро ба эшон таманно намуд. Ҳамчунин, ба  табрикоти раиси ноҳия Прокурори ноҳия муҳтарам Рухшона  Файзуллева  ҳамроҳ гардида,  ба сарбозону афсарони ҷасур, ки мардонавор Савганди ҳарбӣ аз ёд намуданд, матонату далерӣ ва хизмати содиқона орзу намуд.

  Дар охир баҳри болидаруҳии сарбозон аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия  чорабинии консертӣ доир шуд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай