Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раис

         Дувоздаҳуми декабри соли  равон дар толори маҷлисгоҳи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия  баргузор гардид ва як силсила масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасии ҷиддӣ  қарор гирифтанд. Ҷаласаи  назоратӣ таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода ҷараён гирифт.

Сараввал, масъалаи ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи декабр ва ҳамчунин, иҷрои нақшаи  андози солона баррасӣ гардид ва раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  шахсони масъули бахш Орифзода М., Ҳукуматов Р., Расулзода Қ.,-ро вазифадор намуд, ки  ҷиҳати иҷроиши нақшаи  ҷамъоварии андоз чораҳои қатъӣ андешанд.

Баъдан, масъалаҳои муҳимми дигари  рӯз- ба  анҷомрасонии тозакунии заминҳо аз ғӯзапоя, рафти кишти картошка, ба роҳ мондани кори ниҳолшинонӣ;  дидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пардохти маблағи ҷувваи барқ аз аҳолӣ ва ташкилоту  муассисаҳо; пешниҳоди  маълумотномаҳо оиди иҷрои  бандҳои  Барномаҳои  рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва Барномаи давлатӣ то  15 декабр; назорати ҷиддӣ аз болои касалиҳои сироятӣ, бахусус COVID;  муайян  намудани таъминоти марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои  тиббӣ бо  ангишту ҳезум ва пешниҳоди  маълумоти аниқ  ҳаматарафа баррасӣ гардиданд ва роҳбари ноҳия ба  муовинони соҳавии раиси ноҳия, раиси шабакаҳои  барқи ноҳия , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо,  раисони  Ҷамоатҳо , сартабиби Беморхонаи ноҳиявӣ  супориши қатъӣ  доданд, ки  масъалаҳои   баррасидашуда  ҳарчӣ зудтар ҳалли худро ёфта, маълумотномаҳо  пешниҳод намоянд.

Алҳол фасли сармо ҳукмронӣ дорад ва доири зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимӣ раиси ноҳия  аз масъулини соҳаи маориф  талаб намуд, ки  доири фаъолияту коршоям будани дегхонаҳои гармидиҳӣ дар  муассисаҳо маълумотҳои  дақиқ пешниҳод  намоянд.

Ҳамчунин, масъалаҳои  дигари  ҷаласа- омодагӣ ба баргузории аттестатсияи директорони  муассисаҳои  таълимии ноҳия ва пешниҳоди  маълумот оид ба  натиҷаҳои он ; ҳамкорӣ дар самти таъмиру тармими боғчаҳои  бачагона ва бунгоҳу марказҳои саломатии дар доираи  Лоиҳа иҷрошудаистода; ҷамъбасти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ; муайян ва назорати иҷрои мактубу дархостҳо ва дигар санадҳои  воридгардидаи  соли  ҷорӣ; андешидани чораҳо  ҷиҳати иҷрои  нақшаи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо тибқи дастуру супоришҳои  додашуда ҳам ҳаматарафа дида баромада шуда, раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ Одиназода  ба ҳамаи шахсони мутасаддӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо баҳри иҷроиши  корҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай