Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ЗАМИНҲО ТОЗА МЕШАВАНД

      Имрӯзҳо ғунучини ғӯзапоя ва холӣ намудани заминҳо барои кишти тирамоҳӣ дар ноҳия бо сифати баланд идома дорад. Боду ҳавои номусоиди ҳафтаи гузашта ба кори деҳқонон андаке монеъ шуда бошад ҳам, имрӯзҳо, ки ҳаво мусоид аст, деҳқонон дастҷамъона ба саҳро баромада, корҳои тозакунӣ ва ҷуфти заминҳоро муташаккилона идома дода истодаанд. Корҳои саҳрои махсусан, дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод, Панҷрӯд, Даштигуло мувофиқ ба талаботи рӯз аст.

-Дар иҷрои корҳояшон ба деҳқонон механизаторон кӯмаки асосӣ мерасонанд. Онҳо ғӯзапояи аз заминҳо чидашударо ба ҷойҳои даркорӣ мекашонанд. Ниятамон он аст, аз ин боду ҳавои муносиб истифода бурда, заминҳоро аз ғӯзапоя босифат тоза намуда, барои кишти баҳорӣ заминаи боэътимод гузорем. Назорати доимӣ аз тарафи ихтисосмандон ва роҳбарони мутасаддӣ имконият дод, ки корҳо равнақи тозаро соҳиб шаванд,- гуфт зимни суҳбат раиси Раёсати кишоварзии ноҳия Т.Рафиев.

Чунин амали некашон боис шудааст, ки деҳқонони ноҳия ҳар сол шарофати меҳнати садоқатмандонаашон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ба муваффақиятҳо ноил гарданд. Соле деҳқонони ноҳия садҳо тонна пахта, ғалладонагиҳо ва сабзавоту мевагиҳо истеҳсол намуда, барои накӯ шудани зиндагии меҳнаткашон равона мекунанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай