Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - НИҲОЛШИНОНӢ РАВНАҚ МЕГИРАД

 

Бо супориши раиси ноњия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дар тамоми қаламрави ноҳия шинондани дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулу гулбӯттаҳо идома дорад. Ин кори ободгардонӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия, деҳаҳои гирду атрофи онҳо равнақи тоза гирифта истодааст. Мардум якдилона ба ҳашар баромада, дар кабудизоркунии маҳаллаҳояшон ҳиссаи худро мегузоранд.

-Ниятамон он аст, ки имсол дар тамоми ҷойҳои холимондаи заминҳо, роҳраву лаби ҷуйборҳо дарахт шинонда, ба ин корамон дар сарсабзии диёрамон ҳиссаи худро гузорем. Охир беҳуда Тоҷикистонро диёри ҳамешасабз намегӯянд. Сарсабзии диёрамон бошад ба меҳнату ғайрати мо сахт марбут аст. Мо бошем, дар навбати худ бањри боз ҳам сарсабз гаштани диёрамон кӯшишу ғайрат мекунем. Барои амалӣ гаштани мақсадҳоямон тамоми шароитҳо мерасанд,- гуфт раиси Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод Азимов.

Ниҳолони арчаи соли рафта қад-қади роҳ шинондаи меҳнаткашони ин ҷамоат аллакай зеби роҳҳои ҳудуди ҷамоат ва дар маҷмӯъ ноҳия гаштаанд. Гуфтаи бузургонамон, ки «дасти одамї гул аст» гуфтаанд, дар байни меҳнаткашони ноҳия амалан иҷро шуда истодааст.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай