Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Дар ноҳия Лоиҳа оид ба “Дастгирии ғизои мактабӣ” татбиқ мегардад

        Тибқи мактуби мактуби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон №8-641, 08.12.2022 ҷиҳати иҷрои мактуби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон №3/15-5(32525) аз 01.12.2022 рӯзи 13 декабри соли 2022 бо мақсади татбиқи Лоиҳа оид ба “Дастгирии ғизои мактабӣ” сафари ҳамоҳангсози Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) оид ба таъмини ғизои мактабӣ Габриел Маркезе, ки ӯро директори МД “Маркази идораи Лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” Мирзоализода Баҳром Мирзоалӣ ва дигар коршиносони Лоиҳа ҳамроҳӣ мекарданд, ба ноҳия ба анҷом расонида шуд. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия меҳмононро раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода дар иштироки муовини якум ва муовинони раиси ноҳия ва дигар шахсони масъул қабул карда, онҳоро пазироӣ намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки тарҳрезӣ гардидидан ва ҳадафи асосии Лоиҳаро беҳтар намудани озуқаи мактаббачагон дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 8,5,20,15,33-и ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод,Чубек,, Панҷрӯд ва Қаҳрамон ташкил мекунад.

Бо мақсади татбиқ намудани Лоиҳа Созишномаи грантӣ байни Марказ, Сафарбаркунандаи ҷомеа, ҷамоатҳои деҳот ва мактабҳои зерҳадаф ба имзо расонида шуд, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳоро дар самти татбиқи Лоиҳа ба танзим медарорад.

Ёдовар бояд шуд, ки моҳи ноябри соли равон дар доираи Лоиҳа оид ба “Дастгирии ғизои мактабӣ” дар мактабҳои интихобгардида дар мавзӯи “Таҳкими иқтидор барои сафарбар кардани кумитаҳои падару модарон мактабҳо барои рушди низоми ғизои мактабӣ” бо иштироки намояндагони мактабҳои зерҳадаф, шуъбаи маориф, Ассотсиатсияҳои падару модарон (АВО) ва ҷамоатҳои деҳот омӯзиш гузаронида шуд.

Дар натиҷаи гузаронидани ин омӯзиш тибқи талаботи Лоиҳа Нақшаҳои рушди ғизои мактабӣ аз ҷониби мактабҳои зерҳадаф таҳия ва тасдиқ карда шуданд. Инчунин, дар ин давра барои амалишавии Лоиҳа дар муассисаҳои таълимии рақамҳои 5,33,20 ва 15-и ноҳия зерлоиҳаҳои “Таҷҳизонидани ошхона, таъмир ва ташкили гармхона” таҳия ва тасдиқ карда шуданд.

Дар ин рӯз Ҳамоҳангсози Лоиҳа ва ҳамроҳони ӯ аз вазъ шароити муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои дар боло зикргардида дидан намуданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай