Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим ( аз ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия)

      Имрӯз дар маҷлисгоҳи  Мақомоти   иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия  таҳти раёсати раиси ноҳия, Узви Маҷлиси  Милии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода сурат гирифт ва дар ҷамъомад роҳбари дастгоҳ, муовини аввал, муовинони соҳавӣ,  мудирони шуъбаҳои МИҲД-и ноҳия, роҳбарони мақомотҳои  ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, раисони Ҷамоатҳо иштирок намуданд. Дар ҷаласа  беш аз 20 масъалаи муҳими рӯз мавриди баррасии  ҳаматарафа қарор гирифт.

   Нахуст, масъалаи муҳимми рӯз-иҷрои нақшаи андозҳо барои моҳи  декабр ва дар маҷмуъ соли равон баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки мутасаддиёни соҳа ҷиҳати иҷроиши андозҳо бояд ҳамаи чораҳои қатъиро  андешанд. Гузошта шудани замина барои ҳосили оянда аз ҳозира лозим аст, барои ҳамин тозакунии заминҳо аз ғӯзапоя  ва гузаронидани шудгори хушсифати заминҳо дар моҳи декабр хеле зарур аст. Раиси ноҳия бо Раёсати кишоварзӣ, муовини аввали раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳо дастуру супориш доданд, ки ҳарчӣ  тезтар заминҳоро  тоза  намуда, заминҳоро шудгор намоянд.

    Масъалаҳои кишти картошка аз рӯи  наҷша; парвариши сабзавот  дар гармхонаҳои доимию мавсимӣ;  тоза намудани лаби каналу ҷӯйборҳо  аз дарахтон;  ниҳолшинонӣ  аз рӯйи   нақшаи муайяншуда  ҳам ҷиддӣ баррасӣ гардида  раиси ноҳия дастур доданд, ки баҳри иҷроиши корҳо маълумотҳои  аниқ пешниҳод кунанд.

     Омода намудани  иншоотҳои  ҷашнии  мавриди  истифода  қарордодашаванда;  пешниҳоди маълумот оиди ҳолату мавҷудияти  либосҳои лозими сафарбаркунӣ;  пешниҳоди  ҳисоботҳои  таҳлилии солона;  пешниҳоди Лоиҳаи нақшаи кори Маҷлиси  вакилони  халқи ноҳия  барои соли  2023 то рӯзи  чоршанбе (21.12.2022), пешниҳоди лоиҳаи   нақшаи кори МИҲД-и ноҳия  ва пешниҳоди  нақшаи  кории ташкилоту муассисаҳо  барои соли 2023; банақшагирии  воҳидҳои   кории боғчаи  деҳаи Сайроб  ва обод намудани  гирду атрофи он  аз масъалаҳои  дигари ҷаласаи назоратӣ  буданд, ки   ҳаматарафа  мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифтанд ва роҳбари ноҳия ба шахсони масъул- роҳбари дастгоҳ, муовинони раиси ноҳия, омор, шуъбаю  бахшҳои  мақомот, раисони Комиссияҳои  доими  Маҷлиси вакилони  халқи  ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳо, ҷамоати Панҷоб  дастуру  супоришҳои  мушаххас доданд, ки барои  амалишавии  масъалаҳои  зикршуда  чораандешӣ  намуда, маълумотҳои  аниқ пешниҳод намоянд.

     Ҳамчунин, масъалаҳои  дигари ҷамъомад- омода намудани  арчаи Солинавӣ  дар майдони Исмоили Сомонӣ;  ташкил  ва баргузор  намудани ҷашни   Соли нав дар  ҳамаи муассисаҳои   таълимӣ ва дигар  ташкилоту муассисаҳо; овехтани лавҳаю ороишоти солинавӣ дар кучаву биноҳои  маъмурӣ;  ташкили аёдати  собиқадорон, маъюбону  эҳтиёҷмандон  ва алалхусус  қисмҳои   низомию  дидбонгоҳҳо дар  арафаи  Соли нав;  омода  намудани   барномаи  фарҳангӣ  бахшида  ба Соли  нави    мелодӣ- Бобои  барфӣ  ва барфак; андешидани чораҳо ҷиҳати  ҷалби ҷавонони синни даъватӣ ба курсҳои омӯзиши  касби ронандагӣ;  иҷрои нақшаи  обуна ба рӯзномаю  маҷаллаҳо ҳам мавриди  барасии  ҷиддӣ  қарор гирифта,  раиси ноҳия  муҳтарам Бозоралӣ  Одиназода  ҳамаи нафарони масъулро  сахт вазифадор карданд, ки баҳри иҷро намудани  супоришу масъалаҳои  ҷаласа  чораҳои  бетаъхир  андешанд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай