Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ДАР РўЗНОМА- ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ

        

          Дар  маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки Раиси ноҳия Бозоралӣ Одиназода Ситоди ноҳиявӣ оид ба ҳолати зимистонгузаронӣ   бо иштироки раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва  муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид   

        Ситодро раиси ноҳия муҳтарам Бозоралӣ Одиназода, кушода,  оиди ҳолати зимистонгузаронӣ дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия мухтасаран гуфта гузашт.  Сипас,  масъалаи асосӣ - “Ҳолати кунунии бо гармӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва таълимии ноҳия” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, гузориши Нусратулло Сафаров  шунида шуд.  Дар баромад қайд кард, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ  гузаронидани фасли тирамоҳу зимистон  дар ноҳия як қатор  чораҳои зарурӣ андешида шуд.  Аммо ба ҳамаи ин  чорабиниҳо нигоҳ накарда, дар баъзе ташкилоту муассисаҳо  кор дар ин самт ҳоло ҳам беҳбудӣ мехоҳад.  Ҳанӯз ҳам як қисм ташкилоту идора ва муассисаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тандурустӣ ва таълимӣ  ба ин давраи зимистон  омодагии пурра нагирифтаанд. Чунин беаҳамиятӣ аз хунукназарии роҳбарони ин ташкилоту муассисаҳо гувоҳӣ медињад.  Дар ҷамъомад оиди  беҳтар намудани омодагиҳо ба давраи сармои солҳои 2022-2023 аз  роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳои дар ҷаласа ҳузур дошта таъкид ба амал оварда шуд.

Сипас, аз ҷониби раиси ноҳия нисбати роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва таълимии ноҳия пурсишба амал оварда шуда,  барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи  зимистони солҳои 2022-2023 ба муовини раиси ноҳия Бодомзода А., сардори  Раёсати молия Расулзода ва дигар  шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай