Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Медали варзишгарони ҷавону навраси ноҳия

 

Рӯзҳои 15-18 декабри соли равон дар  ноҳияи Ҳисор мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонон, наврасон ва наврасони хурд оид ба таэквандо (ВТФ)  баргузор гардид, ки дар он таҳти роҳбарии  мураббии муассисаи варзишии ноҳия, устоди варзиши Тоҷикистон Тоҳир Миров 8 нафар варзишгарони ноҳия, аз ҷумла 5 нафар духтарон, иштирок карда, сазовори 9 медал гардиданд.

Бобоев Маҳмадамин-хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 (миёни писарон), Умарова Ҳанифа-хонандаи муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳия ва Мусоева Сабрина-хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 мувофиқан дар вазнҳои 61,49 ва 55 кило  ба гирифтани ҷойи якум ва медалу Ифтихорномаҳо мушарраф шудаанд. Инчунин,  варзишгарон Шукрияи Одинаҳмад, Салимова Баҳринисо, Табаров Сорбон ва Ҳасанова Бибиҳомия аз муассисаҳои таълимии Литсейи давлатӣ, гимназияи давлатӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар вазнҳои 49,51,53 ба гирифтани ҷойҳои дуюму  сеюм муваффақ гардида, бо  медалу Ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Дастаи таэквандочидухтарони ноҳия дар ҳисоби даставӣ  дар минтақа ҷойи якум ва писарон бошанд, аз ҳисоби дастаи “Хатлон”-1  ҷойи сеюмро касб намуданд. 

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай