Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Чорабинии идона ба муносибати Соли нави мелодии 2023

         Имрӯз дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 чорабинии идона бо иштироки раиси ноҳия узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Бозоралӣ Одиназода баргузор гардид.

Дар ҳамоиши идона муовини аввали раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, муовинони соҳавӣ, роҳбарони ташкилоту муассиса, идора, Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва сокинони ноҳия иштирок намуданд.

Раиси ноҳия муҳтарам  Бозоралӣ Одиназода мардуми сарбаланди ноҳияро бо фарорасии Соли нави 2023 самимона шодбош гуфта, ба онҳо рӯзгори нек, иқболи наку, саодатмандӣ ва дар корашон файзу баракат орзу намуд.

Қобили қайд аст, ки дар арафаи соли нав  ба кӯдакону тарбиягирандагони кӯдакистонҳо ва собиқадорону  ниёзмандон туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Чорабинии идонаи солинавиро барномаи ҳунарии Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов ҳусни тоза бахшид.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай