Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Китоби “Ноҳияе дар доманаи Хоҷамӯъмин” муаррифӣ шуд.

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси назоратии раиси ноҳия доир гардида, дар он бурду бохт ва фаъолияти ташкилоту муассиса, ҷамоатҳои ва дигар сохаҳои хољагии халќи ноҳия мавриди баррасӣ ќарор гирифт. Оиди дуруст ташкил кардани кор ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

Сипас, ба ҳозирбудагон китоби тозанашри “Ноҳияе дар доманаи Хоҷамӯъмин”, ки дар нашриёти “Душанбе” аз чоп бароварда шудааст, муаррифӣ гардид. Китобро раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одиназода муаррифӣ намуда, қайд намуданд, ки китоб азамияти калони таърихию фарҳангӣ дошта, дар бораи таърихи ноҳия, аввалин бунёдкорони он, фарзандҳои фарзонааш - аз ќабили ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, олимону санъатварон, зиёиён, пешќадамони истеҳсолот ин ноҳияи навбунёд ба хонанда маълумотҳои муфассал медиҳад.

Китоб аз ду қисм ва 10 боб иборат буда, ҳар боби он “Маълумоти умумӣ, аз ҷумла аҳолӣ дар бораи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин, Хатлон ва мансубияти нажодии сокинони он ба асри санг, забони сокинони таҳҷоии Хатлон ва Осиёи Миёна дар давраҳои бостон, Чӯбак дар бекигариҳои Балҷувон ва Кӯлоб”, “Дар саргаҳи Панҷ. Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун ҳудуди маъмурӣ дар ҳайати ҶШС Тоҷикистон. Ҳаёти иҷтимоии ноҳия то даврони Истиқлолияти давлатӣ”, “Чӯбак дар давраи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва нави вилояти Хатлон ва ҳавзаи Кӯлоб” дар бораи “Хатлон дар Юнону Бохтар”, “Кӯлоб ва ҳамроҳшавии он ба аморати Бухоро”, “Ҳавзаи Кӯлоб – нахустин бошишгоҳҳои одамони ибтидоӣ”, “Марҳилаи дуюми ободшавии минтақа”, “Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз нигоҳи таърихшинос”, “Ҳаёт дар соҳили рости дарёи Ому дар асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ”, “Ноҳияи Ҳамадонӣ – зодаи давраи мушкили иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар давраи ба по рост истодани Иттиҳоди Шӯравӣ”. “Раванди муҳоҷират аз кӯҳистон ба ноҳияҳои таҳдашт – тақозои замон”, “Таъсиси колхозҳо”, “Мавқеи ҷуғрофии ноҳия, релеф, иқлим, наботот, мавзеъ ва ёдгориҳои таърихӣ (“Сайёд – нидое аз қарнҳо”, “Обкӯҳ”, “Хоҷамуъмин - мавзеи таърихии дорои боигариҳои табиӣ”, “Золи Зар”) номгузорӣ шуда, аз диди таърихшиносону бостоншиносон маълумотҳо оварда шудаанд. Дар бобҳои дигари алоҳидаи он ноҳия дар давраи Шӯравӣ, ғалабаи Инқилоби Октябр ва иштироки мардикорону косибони водиҳои Кӯлобу Вахш дар шӯриши мусаллаҳонаи шањри Тошканд, ташкили дастаҳои ихтиёрӣ ва саҳми онҳо дар торумор намудани дастаҳои босмачиён мавриди таваҷҷӯҳ ва тавзеҳ ќарор ёфта, соҳаи саноат, нақлиёт, сохтмон, алоқа, савдо, корхонаҳои таъминотӣ, кишоварзӣ, илму маориф, матбуот, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон, варзишро дар ноҳия баррасӣ мегарданд.

Китоб давоми мантиқии китоби “Ноҳияи Москва: 50 сол”, ки соли 1999 бо ташаббусу дастгирии раиси вақти ноҳия Сайид Одинаев (рӯҳаш шод бод) аз чоп баромада буд, чун китоби хотираи гузаштаву ҳозира ва пурифтихори ноҳия хидмат хоҳад кард.

Ёдовар бояд шуд, ки китоб бо дастгирӣ ва мадади номзади илмҳои техникӣ, раиси ноҳия, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии мамлакат муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (пештар Москва) рўйи чоп омадааст.Дар мураттаб намудани маводњои китоб сањми рўзноманигорон, Аълочиёни фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Салимзода ва Илёсиддин Набиев дидарас аст.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай