Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Ҷаласаи назоратии назди раис

        Рӯзи душанбеи сиюми январи соли 2023 ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия доир гашт ва ҷаласа таҳти роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай сурат гирифт. Дар ҷаласа муовини аввал, Роҳбари дастгоҳ, муовини соҳавӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, маориф, фарҳанг, тандурустӣ , раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат намуданд.

Масъалаи аввали ҷамъомад- ин масъала даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ буд ва бобати амалишавии масъалаи мазкур раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай шахсони масъули соҳаро вазифадор намуд, ки чораҳои зарӯрӣ андешанд. Доири масъалаҳои ҷамъоварии маблағҳои таъмини оби хоҷагиҳо деҳқонӣ, бастани шартнома, тоза кардани каналу ҷӯйборҳо дар ҷамоатҳо; бартараф намудани қарздории музди меҳнати кормандони алоқа раиси ноҳия ба шахсони мутасаддӣ бобати амалишавии корҳо ва иҷрои супоришҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Масъалаи таъмир ва барқарор намудани чароғонкуни дар раставу кӯчаҳои шаҳрак низ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт ва бо масъулин супориш дода шуд, ки кӯтоҳтарин муҳлат масъалаи болозикр ҳалли худро ёбад.

Баҳри дар сатҳи баланд доир гардидани бозиҳои футбол дар Варзишгоҳи марказии ноҳия дар Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ширкати чор даста раиси ноҳия бо шахсони масъул супориш доданд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Масъалаҳои дигари ҷаласа- шудгори хушсифати заминҳо, шинондан ва парвариши дарахтон; баргузор намудани маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳраки ноҳия; гузаронидани вояи чорум баҳри пешгирии бемориҳои сирояти ҳаматарафа баррасӣ гардида, раиси ноҳия баҳри иҷроиши корҳо ба ҳамаи роҳбарону шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай