Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Пирӯзии “Ҳосилот” дар бозии нахустин

         Футболбозони дастаи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор дар бозӣ барои дарёфти Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ( дар минтақаи Кӯлоб) дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ бо дастаи лигаи якуми кишвар- “Ҳулбук”-и  ноҳияи Восеъ қувваозмоӣ  намуданд.

    Рақобати ҳарду  даста аз аввал то охир тезутунд ҷараён гирифта, фархориҳо баҳри ғалаба бештар талош мекарданд. Дастаи “Ҳосилот”  соли гузашта дар лигаи якум ҷойи аввалро ишғол намуда, ба лигаи олӣ  баргаштанд. Таҷрибаи бойи футболбозони  дастаи “Ҳосилот”  дар рафти бозӣ  имкон дод, ки  онҳо ба дарвозаи  “Ҳулбук” 2 туб зада, пирӯзӣ ба  даст оварданд.

    Ҳоло дар ҷадвали  мусобиқот дастаҳои “Сарҳадчӣ”  ва “Ҳосилот” бо дарёфти 3 имтиёзӣ зинаҳои   1-ум ва   2- юмро ишғол  мекунанд

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай