Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - АЗ НОСИПОСӢ ТО ХИЁНАТ БА ВАТАН

      Ба худ меандешам: вақте он хоинон болои минбар баромада аблаҳона суханҳои пуч мегӯянд, боре фикр намекунанд, ки дар ин хок ҳазорон фарзандони бонангу ор, ҷавонони ҳушёру ватандӯст ва мардуми бофарҳанг ҳимоя аз ин марзу бум намуда, дар як лаҳза вокуниши обдоре ба гуфтаи онҳо менависанд.

Ман ҳамчун як ҷавон, чандест перомуни вокунишҳои донишмандону коршиносон ва дигар табақаи мардуми шарифи тоҷик ба хоинони ин миллат, ки имрӯзҳо аз дур рафта, ба мо санги маломат мепартоянд, диққати хешро равона намудаам ва маро ватандӯстию меҳанпарастии шаҳрвандони зиракамон дар ҳайрат гузошт. Ҳар куҷо фарде, ки аз оби мусаффои ватан нӯшидаву дар хокаш бузург шудааст, нисбати Кабирии зархариду Муҳаммадиқболи беномус вокунише навиштааст. Он қадр ғурур ва муҳаббат дар қалби ҳар фарди меҳанпарастам нуҳуфтааст, ки ҳатто дар саҳифаҳои интернетии худ бо навиштани чанд ҷумлаи пурмаъное ҷавоби садҳо хоинонро дар як лаҳза медиҳанд.

Ман ифтихор аз ҳамватанони ватандӯсту дурандеши хеш дорам. Шукр, ки ҳаммиллатони ман дигар миллати солҳои 90-ум нест. Дигар ба дасисабозиҳои хоинон фирефта нашуда, худро дар гирдоби ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ намепартоянд. Ин оташ ҷони садҳо ҳазор донишмандону ҷавонон, хоҳарону модарон ва ҷигаргӯшаи онҳоро бурд. Хонавода, модар ё падари тоҷике нест, ки аз алангаи он дар амон монда бошад. Бармегардем сари матлаб, яъне ҳарзагӯиҳои Кабирии хоин ва Муҳаммадиқболи арӯси қумандон Ғулом. Яке зери дасти хоҷаи худ дурӯягӣ кардаву бо пули ҳаром рӯз ба сар мебарад, дигаре як замон арӯси кадом як қумандони афғону шайхони араб шуда зиндагӣ кардааст. Ба ростӣ, ҳайф аст, ки бо чунин шармандагиҳо боз дар забон оёти Қуръони шариф ва аҳодиси Паёмбари гиромӣ (с)-ро меоранд. Кӯшиш мекунанд, ки худро сафед намоянд, бехабар аз он, ки ҳарду рӯи онҳо сиёҳ аст. Аз ин гуна ашхос чӣ гуна ҳарфи росту ибратомӯзро интизор метавон шуд. Ҳамагӣ аз зиндагии пасипардагии ин хоинон воқиф шуданд, фаҳмиданд, ки мақсадашон чист. Ҷойи баргашти ин ду хоин куҷо бошад?! Ба фикри ман аз буздилию дурӯягии онҳо аҳлу байташон низ безоранд. Пас, агар чунин аст, оё онҳо боре андеша намуда бошанд, ки ҳар як ҷони зинда оқибат шаҳди маргро мечашад. Пас, ҷасади палиди ин хоинон куҷо дафн мешаваду туъмаи кадом парандаву дарандаи ваҳшӣ мешуда бошад?

Сад ҳайфатон, ки дар ин сарзамин чанде обу нон хӯрдаву бузург шудаед. Ватан шуморо намебахшад, падару модар, миллату давлат шуморо намебахшад. Амали Шумоён мақоли “Намак хӯрда, дар намакдон туф кардан”-ро ба ёд меорад. Агар шумо мард мебудед, ҷойи ин қадар лофи беҳуда ҳадалимкон дасти ятиму бепарастореро мегирифтед. Фикри падару модари пири худро мекардед. Вале аз лақиданҳоятон маълум, ки ончунон мағзшӯиятон карданд, ки дигар номи худро фаромӯш намудаед. Ман бовар дорам, ки назди хоҷагони худ қадри як сагро надоред. Лақиданҳои шумо ба мисли ҳамон мақоли хубест, ки “Саг меҷакад, роҳакӣ ба роҳаш меравад”. Дониста бошед, ки имрӯз мардуми шарифи тоҷик дигар ба фиребу найранги хоинони ватан бовар нахоҳад кард, суханҳои аблаҳонаатонро маҳкум намуда, шуморо ҷуз хоин дигар кас намешиносанд.

Мо, ҷавонон, бо ифтихор аз Сарвари маҳбуби хеш дар фазои тинҷу амонӣ дар Ватани биҳиштосоямон умр ба сар бурда, зидди ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва хоинони миллат ҳастем ва ба суханони ғаразноки онҳо вокунишҳои саривақтӣ мекунем.

Қувватзода Ҷовид ЗАФАР,

Сармуҳаррири рӯзномаи "Навиди Ҳамадонӣ "

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай