Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА ДАЪВАТ

       Дирўз бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Акрам Сулаймонзода раиси ситоди вилоятӣ оид ба даъват ва Комиссари вилояти Хатлон Полковник Солизода У., муовини раиси ноҳия муҳтарам Сайдакобир Бодомзода ва аъзоёни Комиссияи даъватии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии судманд доир шуд. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти кори комиссияи даъватӣ ва амалӣ намудани қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳия суҳбати озоду самимӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ ва фаъолону раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд.

       Баромадкунандагон бо мақсади беҳтар намудани сифати даъвати баҳорӣ ба ҳозирин дастуру супоришҳои судманд дода, таъкид доштанд,ки дар якҷоягӣ дар саривақт анҷом додани даъват сарҷамъона саҳми хешро гузорем.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай