Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МАЪРАКАИ ОБОДОНӢ ВА НИҲОЛШИНОНӢ

           Бо дастури раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай имрӯз  дар ҷамоатҳои  шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо маъракаи  ниҳолшинонӣ доир гардид.  Дар даромадгоҳи ноҳия кормандони бахши  муҳити зист, хоҷагии ҷангал, ҷамоати деҳоти “Меҳнатобод” бо сарварии муовини аввали раиси ноҳия  Маҳдӣ Орифзода 180 адад дарахти арча шинонида шуд. Чунин корҳои ободонӣ дар ҷамоати деҳти ба номи С.Турдиев-и ноҳия низ бо маром  идома ёфта, сокинон дар ин рӯз беш аз 270 адад дарахтони ҳамеша сабз шинонида, гирду атрофи биноҳои маъмурию хонаҳои худро тозаю озода намуданд. Мавриди қайд аст, ки аз аввали мавсим то имрӯз дар ҳудуди ҷамоат беш аз 600 адад дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ шинонида шудааст.

       Дар ҷамоати шаҳраки Москва низ ҳашари дастаҷаъмона оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуд.  Имрӯз кормандони ҷамоати шаҳрак, ташкилоту муассисаҳо қад-қади роҳҳо, ҷӯйборҳо ва назди муассисаҳоро тозаю озода намуданд. Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Раёсати кишоварзӣ 3 адад техникаи кишоварзӣ  дар ихтиёри ҳашарчиён қарор дошт, ки бо ёрии онҳо 33м мукааб партовҳо кашонида шуданд.

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай