Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим (аз ҷаласаи назоратӣ)

         Дар маҷлиси назоратии назди раиси ноҳия, ки рӯзи 6 феврали соли 2023 баргузор гардид, ёздаҳ масъалаи муҳимтарини рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Маҷлиси назорати таҳти Раёсати  раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай  ҷараён гирифт ва дар ҷаласа муовини аввал,  муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия,  роҳбарони  ташкилоту муассисаҳо ва   раисони ҷамоатҳо  иштирок намуданд.

          Нахуст, масъалаи ҳисоботи оморӣ дар ҳамаи соҳаҳо (самтҳо)  дида баромада шуд. Минъбад ҳар моҳ дар маҷлисҳои назоратӣ ҳар як ташкилот ё муассиса доири фаъолияти кормандон ҳисобот пешниҳод менамоянд. Ҳамчунин, масъалаи баргузории шанбегӣ рӯзи 4 феврал дар ташкилоту идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт ва раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай таъкид кард, ки  кори ҳар як муассиса, иҷроиши  корҳо дар шанбегӣ амалан дида баромада мешаванд.

 Сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағҳои андоз ва иҷроиши нақшаи он ба манфиати кор аст ва бобати ҷамъоварии андоз барои  моҳи феврал раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо шахсони масъул баҳри иҷрои нақшаи андоз дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

          Масъалаи даъвати ҷавонон ба хизмати  ҳарбӣ аз масъалаҳои доғи рӯз аст ва дар  сари вақт анҷом додани  даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ вазифаи ҷонии шахсони мутасаддӣ  мебошад. Раиси ноҳия ба масъулини соҳа тавсия доданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт хубтар ба роҳ монанд.

          Масъалаҳои дигар-шудгори заминҳо ва омодагӣ  ба давраи кишт, кишти картошкаю пиёз аз корҳои муҳимми  рӯз  ба шумор мераванд ва раиси ноҳия  муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати дар сари вақт анҷом додани шудгору кишти зироатҳои болозикр супоришу тавсияҳои муфид доданд.

          Дар мавриди беҳтар гардонидани фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварии ноҳия ҳам раиси ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

  Оиди дуруст ба роҳ мондани барӯйхатгирии  шахсони камбизоату эҳтиёҷманд дар Ҷамоатҳои ш/д  раиси ноњия гуфта гузоштаанд ва таъкид намуданд, ки ин кор дар сатҳи талаботи рӯз амалӣ карда шавад.

           Раиси ноҳия дар масъалаи хубтар ба роҳ мондани кори гузаронидани ваксинаи  чорум, омодагӣ ба  нишасти мутбуотї  ба масъулин баҳри  дар сатҳи зарурӣ анҷом додани корҳо ба роҳбарони сохтору ташкилотҳо дастуру маслињатҳои судбахш доданд.

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай