Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

     Тибқи нақшаи тасдиқшудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тарафи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ҳамбастагӣ бо дигар бахшу шӯъбаҳои МИҲД-ноҳия баргузории хонишҳои сиёсӣ аз рӯи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ" байни ҷавонони синну солашон аз 14 то 18 ва волидайни онҳо дар МТМУ √14-и Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳия баргузор гардид.

      Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби баромадкунандагон оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, ҳифзи амният ва оромии ҷомеа, ихтиёран пайвастан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон ва волидайни онҳо суханронӣ карда шуд.

Инчунин, дар вохӯри оиди пешгирии ҷавонон аз падидаҳои номатлуб аз қабили ҷинояткорӣ, ҷангҳои гурӯҳӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандиву нашъаҷалобӣ, оворагардӣ, фарҳангӣ бегона ва маданияти шаҳрнишинӣ суханронӣ карда шуд.

Мавриди қайд аст, ки чунин вохӯриҳои судманд аз тарафи бахшҳои зикршуда мудом баргузор гардида, он дар сатҳи маънавии ҷавонон нақши муҳим мебозад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай