Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - МУЛОҚОТИ САМИМӢ

            Дирӯз тибқи дастуру супоришҳои раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода А.Н. ва нақшаи чорабиниҳои муштарак бо иштироки Илёсиддин Набиев – котиби Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия, Шариф Раҳимов – раиси Шӯрои кӯҳансолони Ҳаракат, ҳамзамон раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, Некрӯзи Хайрулло – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва Карим Ҳасанов – раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳомиёни Ватан” дар қисми ҳарбии 0307 Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ мустақар дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бахшида ба ҷашни дар пеш истода- Рӯзи Артиши миллӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон   бо  ҷалби афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ  чорабинӣ таҳти унвони “Ҷавонон-муҳофизони боэътимоди Ватан” доир гардонида шуд.

            Чорабиниро  Аҳлиддин Давлатов –  афсари калони шӯъбачаи корҳои сиёсӣ-тарбиявии қ/ҳ  0307 Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳусни ифтитоҳ бахшида,  меҳмононро ба афсарону сарбозон муаррифӣ  намуд. Мавсуф қайд намуд, ки имрӯз мо ҳама дар арафаи  таҷлили  ҷашни Рӯзи Артиши миллӣ ва 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қарор дорем.  Барои мо афсарону сарбозони Ватан низ ин ҷашнвора хеле азиз мебошад.

           Сипас, аскари қаторӣ  Суҳайлӣ Ғолибов  ба чорабинӣ ровигӣ намуда, ба меҳмонон сухан дод. Баромадкунандагон  Илёсиддин Набиев, Шариф Раҳимов, Некрӯзи Хайрулло ва Карим Ҳасанов зимни суханрониҳояшон афсарону сарбозонро ба ҷашнҳои дар пеш истода  - Рӯзи Артиши миллӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  табрик намуда, ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар Ватани азизамон  ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору  суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шудааст.Инчунин, дар баромадҳо қайд  гардид, ки мардуми кишвар дар симои афсарону сарбозон ҳомиёни асосии Ватан, муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд.

           Дар навбати худ, афсарону сарбозон изҳор доштанд, ки онҳо аз сиёсати Ҳукумати мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ намуда, қасам ёд карданд,  тамоми қувваю дониш ва имкониятҳои хешро барои сулҳу субот, оромию осоиштагии кишварамон равона  месозанд, то сокинони кишвар бо дастуру ҳидоятҳои  созандаи Пешвои миллат дар тамоми самтҳои ҳаёт орому осуда кору фаъолият намоянд.

 

                        

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай