Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Нишасти матбуотӣ КОМЁБИҲО НАЗАРРАСАНД

         Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  нишасти матбуотии раиси ноҳия  муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай бо хабарнигорону  кормандони радиову  телевизионҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, байналмилалї, рӯзномаю маҷаллаҳо, радиои  “Озодӣ” баргузор гардид. Дар маҷмуъ, беш аз 37 нафар хабарнигорон  аз ТВ “Тоҷикистон” , “Варзиш”,  “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Баҳористон”, “Синамо”,  ТВ  “Хатлон”, “Кўлоб” радиои “Озодӣ”, “Тоҷикистон”, “Хатлон”, “Кӯлоб”, рӯзномаву ҳафтаномаҳои “Хатлон”, “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Садои Мардум”,  “Нақлиёт”, “Ваҳдатсаро”, “Омӯзгор”, “Азия –Плюс”, “Пайк”,  Агентии “Ховар” дар нишасти матбуотӣ иштирок намуданд.

    Оид ба саволи  нахусти хабарнигорон  доир ба  мавҷуд будани терминалҳои мусофиркашонӣ дар ноҳия муовини раиси ноҳия Бодомзода  С. посух дода, зикр кард, ки ин масъала, албатта ҳалли  худро  меёбад. Дар бораи   таъмири роҳҳои дохилии ноҳия  низ  Бодомзода  С. ќайд кард, ки соли 2022 дар ноҳия ҷиҳати корҳои таъмиру тармими роҳҳои ҳудуди ноҳия корҳои зиёд ба анҷом расонида шуда,  дар назар аст, ки имсол  низ  ин раванд идома дода меёбад.

     Хабарнигори  дигар дар бораи  таъмирталаб будани бинои рӯзномаи ноҳиявӣ ва  теъдоди ками  рўзномаи “Навиди Ҳамадонӣ”  барои соли 2023 савол дод. Раиси  ноҳия  муҳтарам  Мирзозода  Нурулло Абдулҳай  нисбати масъалањои мазкур ҷавоби мушаххас дода, баён доштанд, ки  таъмири бинои рўзнома ва зиёд намудани теъдоди нашри  рӯзнома дар соли љорї  пурра таъмин карда мешавад.

    Ба саволи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ноҳия бо хориҷ муовини аввали раиси ноҳия Маҳдӣ Орифзода посух гуфтанд. Ќайд карда шуд, ки дар давоми соли 2022  1502 тонна пиёз, 75 тонна чормағзи заминӣ ва 588 тонна ангури хушсифат ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Инчунин, дар ин давом 503 тонна моҳӣ  нисбати 450,7 тоннаи соли 2021 истењсол гардидааст.   Дар  мавриди  истифодаи чарогоҳҳо  бошад, дар назар дошта шудааст, ки бо љалби мутахассисон  истифодабарии маќсаднок ва тартиби истифодабарии чарогоњњо  аз тарафи истифодабарандагон  аз нав дида баромада мешавад.

    Ба пурсиши хабарнигори соҳаи  варзиш ҷиҳати дастгирии молиявии дастаи футболи “ Сарҳадчӣ”-и ноҳия, ки дар лигаи  якуми мусобиқоти Тоҷикистон баромад мекунад, Раиси ноҳия  муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай посух дода, қайд карданд, ки  масъалаи  мазкур  дар мадди назар ќарор дошта,  ҷиҳати рушд ва  дастгирии моддию молиявии даста  чораандешӣ шуда,  мушкилотњои он аз байн бардошта мешаванд.

   Муовини аввали раиси ноҳия ба пурсиши  хабарнигори  рӯзномаи “Ҷумҳурият” оид ба  талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ дар гармхонаҳо  посух доданд, ки  қабл аз омадани  сардиҳо ҷамъоварї ва захираи маҳсулотҳои  кишоварзї пурра таъмин карда шудааст.

    Рӯзноманигори  дигар  аз рӯзномаи  “Ҷумҳурият” ба масъалаи содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ дар ноҳия  таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Нисбати масъалаи мазкур муовини Сардори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия қайд карданд, ки  ҳолати содир шудани  ҷиноятҳо  дар ноҳия нисбати солњои пешин коҳиш ёфтааст.

   Ба саволи хабарнигорон  дар бораи таъмири Беморхонаи  минтақавӣ дар Ҷамоати деҳоти Даштигуло муовини аввали  раиси ноҳия  Маҳдӣ Орифзода посух доданд, ки  корҳои таъмиру азнавсозии  беморхонаи мазкур  босуръат  идома дорад.

   Сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия  Самандар Мисайнов ба пурсиши  хабарнигорон оиди  фаъолияти шуъба дар соли 2022  посух дода, қайд намуд, ки дар ин давра  17 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ доир намуда, 189 нафар корҷўён бо ҷойи кор  таъмин гардиданд, ки  ин  нисбати соли 2021 51 нафар зиёд аст.

    Ќобили қайд аст, ки соли гузашта дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳо назаррас буданд. Имсол  низ аҳли  заҳмати ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, дар  рушди ҳамаи соҳаҳо ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил мегарданд, иброз намуданд раиси ноҳия.

    Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай аҳли  қалами дар нишасти матбуотӣ ҳузурдоштаро хайрамақдам гуфта, барои ҳамкории судмандашон ба онҳо изҳори сипос намуд.

 

 

 

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай