Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Хабарҳо - Баррасии масъалаҳои муҳим (аз ҷаласаи назоратӣ)

      Дар ҷаласаи назоратии назди раиси ноҳия, ки рӯзи 13.02.2023 таҳти раҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ҷараён гирифт, як қатор масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар маҷлис муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳо иштирок доштанд. Оид ба масъалаи сафари кории раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Сайд ки ҳафтаи пешомад дар назар дошта шудааст раиси ноҳия ҳамаи раисони ҷамоатҳоро вазифадор намуд, ки корҳои тозаву ободгардонии кӯчаҳо, гирду атрофи маҳаллаҳо, корҳои саҳроиро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд. Бобати ҷамъоварии маблағҳои андоз барои моҳи равон раиси ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо доданд, ки иҷрои нақшаи моҳона пурра таъмин карда шавад.

Раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Н.А. ҷиҳати тоза кардани каналу ҷӯйборҳои байни хоҷагиҳои деҳқонӣ дар муҳлати кӯтоҳ ба шахсони мутасаддӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи Сардори Хоҷагии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия шунида шуд ва ӯ дастур гирифт, ки кори соҳаро беҳтар ташкил намуда, аз натиҷааш маълумот пешниҳод намояд. Яке аз масъалаҳои муҳими ҷаласа- ҳолати зимистонгузаронӣ дар мактабҳои ноҳия буд. Зикр гардид, ки вазъи зимистонгузаронӣ дар мактаби рақами 45, деҳаи Бузахона мувофиқи мақсад нест. Раиси ноҳия ба мудири шуъбаи маориф ва дигар шахсони масъул сахт таъкид намуд, ки камбудиҳои мавҷуда дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда, мактаби рақами 45 ва дигар мактабҳо бо гармӣ таъмин карда шаванд.

Оиди масъалаҳои дигари ҷаласа- гузаронидани ваксинаи чорум, бартараф кардани қарздории музди меҳнати кормандони телеком, баррасии саривақтии мактубҳои мақомотҳои болоӣ раиси ноҳия муҳтарам Мирзозода Нурулло Абдулҳай ба шахсони масъул ҷиҳати иҷроиши саривақтии корҳо дастуру супоришҳои муфид доданд.

Бобати масъалаҳои дигар- саривақт ҷамъбаст ва дуруст пешниҳод намудани ҳисоботҳои омори, назорати корҳо дар самти сохтмону саноат, тозаю озода намудани кӯчаҳои шаҳрак раиси ноҳия ҳамаи роҳбарону масъулини соҳаҳоро вазифадор намуданд, ки масъалаҳои мазкур саривақт амалӣ шуда, аз иҷрои корҳо маълумот пешниҳод карда шавад.

image
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

image
Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай

Раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Мирзозода Нурулло Абдулҳай